ВАРЗИШ – ҚОСИДИ СУЛҲ! 0 9 Мубодила кардан Саннаи 14 то 19 ноябри соли 2023 дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа 6 даста иштирок намуданд. Дастаи волейболбозондухтарони МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» дар он фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд ва бо ифтихорнома, медал ва кубоки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Ҷафаров А. Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 9 Мубодила кардан