Бо назардошти ин ҳама баъд аз қабули эъломия дар бораи Истиқлолияти давлати аз сӯйи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия дар бораи тартиб додани нӯсхаи нишон ва парчами миллӣ таъсис дода шуд. Баъд аз барраси ва муҳокимаронии тӯлони аз сӯйи вакилон нӯсхаи парчам бо рангҳои сурх, сафед ва сабз ҳамчун парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва дар заминаи он қарорҳо дар бораи нишон ва парчами миллӣ қабул гардид. Минбаъд он ба таври анъана ва дар шаклҳои гуногун такмил ёфт, аммо танҳо як ҳадаф — ифодакунандаи орзую омоли халқи тоҷик аст.
Дар давраи истиқлолияти давлатӣ он ифодагари орзую ормон ва идеалҳои минбаъда ва пешгирифтаи ҷумҳурии тозаистиқлоли мост. Зери ин ливои пуршукӯҳ савганд ёд карда, барои ободии кишвар мубориза бурданро ҳадафи хеш қарор додаем. Намунаи олии чунин қасамёдкунӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон хос аст. Маҳз ақлу хирад ва матонату мардонагии ин Роҳбари сарсупурда баҳри озодии меҳан рӯҳияи раиятро ба эҳтироми муқаддасоти миллӣ баланд бардошт.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориёнтаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх- озодиву истиқлол, ранги сафед- сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллии давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.