Ҳар як давлати мустақил ва соҳибистиқлол ба воситаи парчаму мудаддасоти давлаташ худро муарифи менамояд.
Аз ин лиҳоз парчам дар баробари конститутсия, нишон ва суруди миллӣ аз ҷумлаи мукаддасоти милливу давлатдори буда, Конститутсия шиносномаи давлату миллат ҳисобида шуда, парчам ва парчамдорӣ яке аз суннатҳои кадими давлатдори ва рамзи ватандорию ватандӯстӣ мебошад.
Мардуми кишвар ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ҳар сол ин рӯзи таърихиро бо шукӯху шабоҳати воло ҷашн мегиранд,ки ин ҳам сарбаландии миллат ва парафшонии парчами Ҷӯмҳурии Точикистон мебошад.
Эхтиром кардану арҷ гузоштан ба парчам маънии эхтиром ба арзишхои деринаи таърихист ва арҷгузори ба давлату миллати хеш буда, карзи фарзандӣ ва вазифаи шахрвандии хар як фарди ҷомеа мебошад, ки ин ҳам сарбаландии миллат ва парафшонии парчами давлат аст.