ДАРСИ КУШОДУ НАМУНАВӢ

0 7

    Рӯзи 18- уми октябри соли 2023 аз тарафи омӯзгори кафедраи терапия Ҳусайнов Файзалӣ Раҳмонович дарси кушоду намунавӣ байни донишҷӯёни курси 3- юми ихтисоси «Кори ҳамширагӣ» баргузор гардид. Омӯзгор аз фанни психология доир ба мавзӯи “Эҳсосот” ба донишҷӯён дарс гуфт. Дар ҷараёни дарс маълум гашт, ки донишҷӯён нисбати омӯзиши фанни Равоншиносии умумӣ шавқу рағбати беандоза доранд.

     Дар машғулият унсурҳои муосир ва интерактивӣ, ҳамчунин технологияи компютерӣ васеъ истифода бурда шуд. Ба сифати машғулиятгузории омӯзгор ва омодагии донишҷӯён ба дарс аз тарафи намояндагони раёсати муассиса баҳои баланд дода шуд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.