ТАҚДИМИ СТИПЕНДИЯИ БА НОМИ ПРОФЕССОР РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ БА ДОНИШҶӮЁН ДАР СОЛИ 2023 0 20 Мубодила кардан Санаи 17 уми феврали соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” ба 20 нафар донишҷӯёни аълохон стипендияи ба номи профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз дар ҳаҷми ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд. Стипендияи мазкур бо ташабус ва дастгирии яке аз фарзандони марҳум Раҳмонзода Р.А., Раҳмонов Бузургмеҳр Раҳматуллоевич таъсис дода шудааст ва ҳаҷми он дар соли 2023 ба 20 000 сомонӣ баробар буд. Стипендияи мазкурро донишҷӯёни фаъолу аълохоне, ки сессияҳои имтиҳонии соли таҳсили 2022 – ро бо баҳои аъло ҷамъбаст намуданд, дар озмунҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзиданд мутобиқи хулосаи комиссияи назди қисми таълим соҳиб гардиданд. Бояд қайд намуд, ки фарзандони Раҳмонзода Р.А. Бузургҷамил ва Бузургмеҳр Раҳмоновҳо дар рушду нумӯъи муассиса, аз ҷумла ғанигардонии китобхонаи муассиса бо китоҳои дарсӣ ва беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассиса саҳми арзанда гузошта истодаанд. Аҳли омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса ба оилаи Раҳмонзодаҳо барои дастгирии ҳамаҷонибаашон дар рушду нумуи муассиса сипоси бепоёни худро иброз намуда, боварӣ дорем, ки чунин ҳамкориҳо солҳои минбаъада низ идома хоҳанд ёфт. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 20 Мубодила кардан