ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ, БАХШИДА БА 31 УМИН СОЛГАРДИ БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0 4

         Санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кулоб  ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Конфренсияи илмӣ-сиёсӣ зери унвони «Иҷлосияи 16-уми Шурои олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ташаккули  давлатдории миллӣ» бахшида ба 31- солагии  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои оллии  Ҷумурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Дар кори конфренсия меҳмонон, аз ҷумла директори телевизиони ш. Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ Эргаш, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим Гадо, шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода ва дигарон, инчунин омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ иштирок доштанд. Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ директори коллеҷ д.и.т., Азиззода З.А. кушода, дар хусуси муҳимияти таҷлили ин санаҳои барои мардуми Тоҷикистон тақдирсоз сухан кард. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ дар ин ҷаласа бо мақсади хотима бахшидан ба бесарусомонии идораи давлатӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ӯҳдаи ин вазифаи душвори ба зимааш гузошташуда ба хубӣ баромад ва маҳз бо кӯшишу талошҳои он кас ҷанги шаҳрвандӣ анҷом гирифта ва Тоҷикистон то имрӯз яке аз давлатҳои пешрафта ва шинохта дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта мешавад.

     Директори телевизиони ш. Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ, ки худ иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олӣ мебошанд, аз рӯзҳои вазнини ба сари халқу миллат омадаи он рӯзҳо нақл намуданд. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки он рӯзҳо ҳеҷ кас кафолати бехатарии на роҳбари давлат ва на шахси оддиро дода наметавонист. Чунки гӯрӯҳҳои зиддиҳукуматӣ зиёд буданд ва ҳамеша дар пайи куштори шахсони бегуноҳ ва зиёиёну кормандони давлатӣ буданд. Вақте, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси вилояти Кӯлоб таъйин мешавад, аз ҳамон рӯз ваъда медиҳад, ки мо бо якҷоягӣ бо ҷавонмардони Кӯлоб, ки аз Ҳукумати конститутсионӣ ҳимоя мекунанд сулҳро дар ватан барқарор мекунем. Имрӯз мо шоҳидони бараъло иҷрошавии ваъдаҳои муҳтарам Пешвои миллат ҳастем, ки бо шарофати сиёсати боадолатона тавонистанд аз Тоҷикистони вайрона ватани обод бисозанд.

      Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим Гадо суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ имрӯзҳо шинохта шудаанд. Таҷрибаи дар Тоҷикистон барқарор намудани сулҳу субот ва рушди кишвар барои бисёр мамалакатҳо ибратомӯз ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо Президенти кишвар ба ҳайси роҳбари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боз ҳам кӯшиш намуда истодаанд, ки Тоҷикистон аз ин ҳам рушд ва тараққӣ намояд. Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди кишвар бояд атрофи Пешвои миллат ҷамъ биёем то дар рушди Ватан саҳмгузор бошем.

    Шоира Хосият Вализода низ аз он рӯзҳои даҳшатбор ёдовар шуда, барои ҳозирин якчанд шеърҳо дар васфи ваҳдату дӯстӣ ба ҳозирин қироат намуданд.

    Хулоса чорабинӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ҷараён гирифта, дар фарҷоми он ба меҳмонон сипосномаи роҳбарияти муассиса ва тӯҳфаҳои  раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба омӯзгорони фаъол тақдим карда шуданд.

       Конфронс бо пешниҳоди барномаи консертӣ аз тарафи гурӯҳи ҳаваскорони коллеҷ ба анҷом расид.

Муовини директор оид ба тарбия              Хушвахтова Г.Ҳ.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.