ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ҲАМШИРАИ ҶАРРОҲӢ

0 25

     Саннаи 15 ноябри соли 2023 дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» озмуни «Беҳтарин ҳамшираи ҷарроҳӣ» аз тарафи омӯзгорони кафедраи «Ҷарроҳия» бо иштироки донишҷӯёни бахши сеюми факултети кори табобатӣ ташкилу баргузор карда шуд. Дар ин озмун донишҷӯён ба ду гурӯҳ тақсим шуда байни худ рақобат намуданд. Шартҳои озмун аз саволу ҷавоб ва иҷроиши малакаҳои амалӣ аз фанни кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия иборат буданд, ки аз тарафи донишҷӯён хуб иҷро карда шуданд. Дар фарҷоми озмун ба иштирокчиёни фаъоли он ифтихорномаи роҳбарияти муассиса тақдим карда шуд.

Мудири кафедраи ҷарроҳия н.и.т., Сафаров Ф.Ш.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.