УСТОДИ МУШФИҚ ВА ТАРБИЯТГАРИ ҶАВОНОН

0 10

         Дар байни халқ анъанае ҳаст, ки чун шахсиятҳои машҳуру муътабар аз байн меравад, аммо хотироти бузурги неки онҳо боқӣ мемонад. Дар ҳақиқат ин гуфтаҳо ба шахсияти яке аз фозилтарин фарзандони миллат Бобоҷон Ғафуров мансуб мебошад. Ӯ нафаре буд, ки ҳар нафас, ҳар рӯзи ҳаёташро ба хизмати халқи азизаш бахшида аст.

         Дар таърихи илми ховаршиносӣ фарзанди фарзонаи миллати тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров на танҳо чун муҳаққиқи маъруф, балки ҳамчун ташкилотчии илм ва тарбиятгари мутахассисони баландсавия, таҳкиму густариши равобити шарқшиносони кишварҳои гуногун саҳми арзанда гузоштааст.

         Оре,  Бобоҷон Ғафуров аз шахсиятҳое буд, ки тамоми ҳастии худро ба халқи азизаш бахшид. Ӯ на танҳо муаррих, омӯзгор, тарбиятгари мушфиқ кӯшиш мекард, ки ҳеҷ паҳлӯи зиндагии халқи азизаш аз назари ӯ дур набошад. Бобоҷон Ғафуров ҳамеша талош менамуд, ки дар тарбияи насли ҷавон саҳм дошта бошад.

         Бобоҷон Ғафуров солҳои 1931-1935 Донишкадаи умумииттифоқии шаҳри Москваро аз рӯи ихтисоси журналистӣ хатм карда, ба Тоҷикистон баргашт.

       Ӯ дар ибтидо ба рӯзноманигорӣ, сипас ба фаъолияти ҳизбӣ машғул шуда, дар ташаккул ва рушду нумӯи журналистикаи тоҷик, кори матбуоту нашриёт, тарбияи рӯзноманигорони маҳаллӣ хизмати бузург кард.

         Ҳанӯз солҳои 30 – юми асри 20 самтҳои асосии таҳқиқҳои илмии ӯ, ки минбаъд кори тамоми ҳаёти олимон гардиданд, муқаррар шуданд. Масъалаҳои таърих ва фарҳанги тоҷикон ва халқҳои Осиёи Марказӣ, таърихи ислом, таъриху тамаддуни мардуми шарқ, ҷунбишҳои миллӣ – озодихоҳии халқҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ ва ғайра фаъолияти илмию эҷодии Бобоҷон Ғафуровро ташкил додаанд.

        Дар баробари иҷрои вазифаву масъули ҳизбию давлатӣ Бобоҷон Ғафуров ба ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими илмӣ – таҳқиқӣ машғул гашта, дар як вақт ба навиштани мақолаву рисолаҳои илмӣ шуғл меварзид.

       Истеъдоди ҷӯяндагӣ, муҳаққиқӣ ва таҳлилгарии Бобоҷон Ғафуровро ба назар гирифта, соли 1941 ӯро барои баланд бардоштани савияи илмиаш барои таҳсил ба шаҳри Москва фиристоданд. Ӯ аз сентябри соли 1940 то моҳи апрели соли 1941 таҳсил карда, онро тариқи барномаи кӯтоҳшуда хатм кард. Дар давраи таҳсил дар аспирантура ӯ таҳти роҳбарии ховаршиноси машҳури Шӯравӣ, муҳаққиқи шинохтаи таърихи ислом Е.А. Беляев ба таҳқиқу омӯзиши мазҳаби Исмоилия машғул шуда, соли 1941 дар мавзӯи»Таърихи мазҳаби Исмоилия аз ибтидои асри 19 то оғози ҷанги якуми ҷаҳонӣ» рисолаи илмии худро ҳимоя кард ва соҳиби дараҷаи илмӣ – номзади илми таърих шуд.

      Бобоҷон Ғафуров дар байни муҳаққиқони тахрихи ислом яке аз аввалин таҳқиқгарони мазҳаби Исмоилия буд.

   Дар радифи корҳои ҳизбӣ, давлатӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ, илмию таҳқиқӣ Бобоҷон Ғафуров ба омӯзгорӣ, таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон дар донишгоҳҳои олӣ низ машғул буд. Ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ ӯ ҳануз аз миёнаи солҳои 30 – юми асри 20 шурӯъ карда, дар таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми калон гузоштааст. Солҳои 1936-1938 Бобоҷон Ғафуров дар мактаби олии коммунистии Зироат( ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) аз фанни иқтисоди сиёсӣ ва солҳои 1939-1940 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Сталинобод ба номи Т.Т.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) аз фанни «таърихи халқҳои ИҶШС) ба донишҷӯён дарс додааст.

    Устод Бобоҷон Ғафуров дар ташаккули таърихнигории воқеан илмии тоҷик, таъсиси марказҳои илмӣ, донишгоҳҳои олӣ, тарбияи олимони ҷавон саҳми арзанда дорад.

   Солҳои 1942-1943 ӯ баробари фаъолият дар мақоми баланди ҳизбӣ- солҳои 1941-1945 котиби кумитаи ҲК Тоҷикистон оид ба идеология, солҳои 1945-1946 котиби дуюм ва солҳои 1946-1956 котиби аввали КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва дар як вақт вазифаи мудири сохтори Пажуҳишгоҳи таърих, забон ва адабиёти филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС – ро ба ӯҳда дошт.

    Бобоҷон Ғафуров ба таърихи бой ва пурасрори миллати тоҷик назари худро дошт.

   Бобоҷон Ғафуров ҳамчун донишманд, олим ва сарвари хирадманду дурандеш хуб мефаҳмид, ки ин вазифаҳои муҳим ва барномаи бузургро танҳо дар сурати мавҷуд будани мутахассисони савияи баланд дошта ва тарбияи муҳаққиқони болаёқат метавон анҷом дод.

    Маҳз ҳамин хислатҳо ва афзалиятҳои шахсияти Бобоҷон Ғафуров, яъне истеъдоди нодири ҳамкорону атрофиёни худро хуб донистан, маҳорати ҳар яки онҳоро дуруст дарк кардан, баҳо дода тавонистан ба лаёқат, ҳунару истеъдоди онҳо, истифодаи қобилият ва имконияти бамавриди ҳар як шахс дар ҷои худ, равона кардани қувва ва захираҳои зеҳнӣ барои ҳаллу фасли вазифаҳои душвору муҳим ба Бобоҷон Ғафуров имкон медод, ки масъалаҳоли мушкилтаринро дар як лаҳза ҳал намояд.

    Солҳои 1942-1954 Бобоҷон Ғафуров роҳбарии як гурӯҳ аспирантон ва муҳаққиқони ҷавонро ба ӯҳда дошт, ки ба таҳқиқу омӯзишу давраҳои мухталифи таъриху фарҳанги тоҷикон ва халқҳои Осиёи Миёна машғул буданд. Ӯ тавассути заҳматҳои ҳамарӯза шогирдони зиёдеро ба пайроҳаи илм ҳидоят кард ва насли калонсоли муаррихон ва муҳаққиқон Бобоҷон Ғафуровро роҳнамо, мураббӣ ва устоди худ шуморида, аз он шукргузор буданд, ки аз мактаби илмии ин алломаи бузург баҳра бардоштаанд.  Устод ба шогирдон ва онҳое, ки ба роҳи душвору пурмашаққат, вале пуршарафи илм роҳнамоӣ менамуд, на танҳо дониши амиқу серсоҳа ва таҷрибаи фаровон, балки беҳтарин сифатҳои инсонии хеш: хоксорӣ, меҳнатдустӣ, меҳру садоқат ба касб, ҳалолкорӣ, принсипнокӣ, хайрхоҳӣ, некбинӣ ва хушбиниро меомӯзонид.

       Устод ҳамчун сарвар, ҳамчун донишманди риштаи таърих ба Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои  Тоҷикистон, ба олимону мутахассисони ин даргоҳи илм, хусусан ба роҳбари пажуҳишгоҳ – олими маъруф, донандаи беҳамтои дастнависҳои Шарқ, муҳаққиқи таърих ва фарҳанги тоҷикон профессор А.Семёнов эҳтироми хосса дошт. Бобоҷон Ғафуров ва профессор А.Семёнов бо ҳам риштаҳои устодию шогирдӣ доштанд. Ҳамкории байни онҳо солҳои дароз давом мекард.

       Робита ва ҳамкорӣ бо донандаи моҳири китобҳои қаламӣ, таърих, археология, этнография, санъат ва дигар соҳаҳои илми таърихнигорӣ ва ховаршиносӣ барои устод Бобоҷон Ғафуров манфиат ва бурди калон овард ва дар ташаккули илмии ӯ нақши бузург бозидааст.

    Бобоҷон Ғафуров дар баробари корҳои пурмасъули ҳизбию давлатӣ ба корҳои илмии як зумра аспирантон ва муҳаққиқони ҷавон роҳбарӣ намуда, дар ташаккул ва камолоти илмии онҳо нақши муҳим дошт.

      Бобоҷон Ғафуров  ҳамчун олими нуқтасанҷ, донишманди тавоно, муҳаққиқи соҳибистеъдод саъй дошт, ки он ҷавононе, ки ба илм рӯй овардаанд, дар таҳқиқотҳои худ ба таври воқеъбинона муносибат дошта бошанд. Махсусан Бобоҷон Ғафуров  дар тарбия ва омода намудани мутахассисони илми ховаршиносӣ таваҷҷуҳи хосса дошт.

   Ӯ тайи 21-сол (1956-1977) сарварии Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои ИҶШС – ро ки бузургтарин маркази ховаршиносии ҷаҳон буд ба ӯҳда дошт.

   Ӯ хеле хуб ва ба тарзи дурандешона дарк мекард, ки тағйироти куллӣ дар илми ховаршиносӣ ва иҷрои нақшаҳои бузург ва пурмасъулияти дар назди ховаршиносон гузошташуда, танҳо ҳамон вақт амалӣ мешаванд, ки агар мутахассисони савияи баланд дошта омода карда шаванд. Бинобар ин устод Бобоҷон Ғафуров дар масъалаи тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ҷавон диққати ҷиддӣ медод.

         Бобоҷон Ғафуров чунин ақида дошт, ки

     «бояд мактабҳои илмӣ ташкил шаванд, ки онҳоро донишмандон олимона барҷаста роҳбари кунанд ва онҳо ба ҷавонони соҳибистеъдод, таҷриба, роҳу усулҳои омӯхтани таърих ва филологияи Шарқро омӯзонанд». Масъалаи тарбия ва тайёр намудани мутахассисони баландпояи илм дар фаъолияти ҳаррӯзаи устод Бобоҷон Ғафуров инъикос мешуд.

      Бобоҷон Ғафуров ҳарҷанд дар шаҳри Москва зиндагӣ дошт, ӯ пайваста барои тарбия ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи илми таърих ва дигар илмҳои гуманитарӣ барои ҷумҳурии азизаш ғамхорӣ зоҳир менгамуд.

    Дар давраҳои роҳбарии ӯ дар Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои ИҶШС аз Тоҷикистон шумораи зиёди олимони ҷавон, чун муҳаққиқ – коромӯз, аспирант, унвонҷӯ, рисолаҳои номзадии худро ҳимоя карданд. Саҳм ва хизмати аллома Бобоҷон Ғафуров дар тарбия ва тайёр намудани  мутахассисони баландпояи илмӣ, педагогӣ дар соҳаи илми таърих ва ховаршиносӣ хеле бузург аст ва шоистаи таҳсин мебошад.

     Мо ин гуфтаҳоро хулоса карда, бояд қайд кунем, ки ҳар лаҳзаи ҳаёти ин шахсияти барҷаста, донишманди тавоно, олими такрорнашаванда, ватандӯст ва дӯстдори халқу меҳан, барои насли имрӯза намунаи ибрат аст.

      Бошад, ки ҷавонони бо нангу номуси Ватан зиндагиномаи аллома Бобоҷон Ғафуров- ро сармашқи кору зиндагии хеш қарор дода бошанд.

    Соли 2023, ки 115 – солагии зодрӯзи фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров таҷлил мегардад. Бигузор соли дастоварду муваффақиятҳо барои ҷавонони миллати тоҷик бошад. Ин соле бошад, ки моро ҳамчун ворисони ҳақиқии чунин фарзонафарзандони миллат ба мисли Бобоҷон Ғафуров муаррифӣ намояд.

Омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарии МДТ

 “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”   Абдураҳмонов Карим

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.