СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ 0 22 Мубодила кардан Аз 9 то 13 январи соли ҷорӣ дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» аз тарафи шуъбаи илмӣ-методӣ бо ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба семинари омӯзишӣ доир ба мавзӯи “Истифодаи услубҳои муосир ва самараноки таълим” ташкилу баргузор гардид. Семинари таълимӣ омӯзиши мавзӯъҳоро доир ба методикаи таълим, ҳуҷҷатгузории дарс, истифодаи технологияи компютерӣ ҳангоми машғулиятгузорӣ, холгузорӣ дар низоми кредитӣ, тартиби қабули рейтингҳо ва имтиҳонҳо дар низоми кредитӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва дигар масъалаҳои мубрами таълимро дар бар гирифт. Семинари таълимӣ дар доираи мусоҳиба ва музокира ҷараён гирифта, дар он зиёда аз 70 нафар омӯзгорони муассиса ҷалб гардиданд. Боварии комил дорем, ки такмили савияи дониш ба омӯзгорон, бахусус омӯзгорони ҷавон имкон медиҳад, ки сифати машғулиятгузориро беҳтар намуда, ба беҳтар намудани сатҳи омодасозии мутахассисони миёнаи тиб мусоидат намоянд. Сардори шуъбаи илмӣ-методӣ Давлатова С.Т. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 22 Мубодила кардан