Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ворисони Сино» маҷлиси ҳисоботӣ аз натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва нақшаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор карда шуд.
Гадоев Салим-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Азиззода Зубайдулло-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино”, Мунавараи Бозоралӣ-мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар маҷлиси мазкур иштирок намуданд.
Рӯзномаи маҷлис аз масъалаҳои зерин иборат буд.
-
Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи се моҳаи аввали соли 2023;
-
Расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;
-
Мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати “Модар- Ватан”;
-
Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ;
-
Созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем”;
-
Масъалаҳои ҷорӣ.