ДАРСИ КУШОД

0 16

    Санаи 21 феврали соли 2023 дар МДТ  “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А” дарси кушоду намунавӣ аз фанни “Акушерӣ” аз тарафи омӯзгори кафедраи “Акушерӣ ва гинекология”  Юсуфова Ҷ.Б. оид ба мавзӯи “Даври ҳайзбинӣ ва танзими он”  баргузор гардид.

     Дар ҷараёни машғулият оид ба даври ҳайзбинӣ, танзими даври ҳайзбинӣ, сабабҳои вайроншавиҳои даври ҳайзбинӣ ба донишҷӯён маълумот дода шуд.

      Дар рафти дарс омӯзгор аз усулҳои муосири таълим, аз ҷумла “Гурӯҳбандӣ” ва “Ҳуҷуми мағзисарӣ”  истифода намуд. Инчунин васоити электронии таълимӣ, аз ҷумла тахтаи электронӣ, проэктори мултимедӣ бо намоиши видеороликҳои омӯзишӣ, кор бо муляжҳо дар рафти дарс истифода бурда шуданд. Барои мустаҳкам намудани маълумотнокии донишҷӯён дар охир услуби саволу ҷавоб истифода карда шуд.

Мудири кафедраи акушерӣ ва гинекология Шарипова Д.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.