ВОХӮРӢ ВА СӮҲБАТИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ПЕРОМУНИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

0 7

      Санаи 5-уми январ дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибби шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров бо ҳайати омӯзгорон доир гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз ширкат доштанд.

      Муҳтарам Абдуҳалим Ғаффоров дастовардҳоеро, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ироа намуданд, аз ҷумла  бо маром амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло рафтани нишондодҳои иқтисодӣ, паст гаштани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, рушди соҳаҳои маориф ва тандурустиро ҳамчун комёбиҳои шарафманди кишвар арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки дастоварҳҳои мазкур маҳсули заҳмати ҳар як сокини кишвар дар алоҳидагӣ ба шумор меравад.

       Ёдовар карда шуд, ки тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад.

         Қайд карда шуд, ки соли 2022 барои таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.

      Баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин, корҳои сохтмон дар неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром пеш рафта истодаанд.

       Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Аз Паём хотиррасон карда шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.

      Солҳои охир бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.

       Баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаҳои гуногун яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоие мебошад, ки дар Паёми Президенти кишвар қайд карда шуданд. Аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз, аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз, аз 1-уми июли соли 2023 – андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз, нафақаҳои суғуртавӣ 16 фоиз, дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешаванд.

      Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои муҳимтарин арзёбӣ менамоянд, аз ин рӯ дар паёмашон таъкид намуданд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.

     Қайд карда шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намудааст.

       Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати созандаи худ нақши ҷавононро хеле муҳим арзёбӣ менамояд. Аз ин рӯ дар Паём таъкид карда шуд, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.

     14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Ин тасмими СММ аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби эҳтироми сиёсӣ мебошад.

         Дар охир вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон муҳтарам Абдуҳалим Ғаффоров қайд намуданд, ки мардуми кишвар, бахусус омӯзгорон аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд нерӯманд бошанд ва баҳри тарбияи насли ҷавон ва боз ҳам ободу зебо гаштани ватани азизамон софдилона меҳнат намоянд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.