ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСА ДАР КОНФРОНС, БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР СОҲАИ ИЛМ

0 22

      Санаи 10-уми феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси вилоятии илмӣ – назариявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм таҳти унвони “Занон ва рушди илми муосир” баргузор гардид.

      Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки “Воқеан ҳам дар даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби занону бонувон ба хизмати давлатӣ бисёр тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шудааст, ки ҳамаи ин иқдомот масъулияту нақши занону бонувонро дар рушду таҳкими Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам ҷиддитару муввазафтар мегардонад.”

       Конфронс дар ду бахш: “Мавқеи зан дар ҷомеаи муосир” ва “Нақши занон дар рушди илм” бо шунидани 97 маърӯзаи профессорон ва омӯзгорон идома ёфт.

      Дар  конференсия омӯзгорзанони фаъоли МДТ  “Коллеҷи  тиббии  ш. Кӯлоб  ба номи  Раҳмонзода  Раҳматулло  Азиз”, аз ҷумла Маҳмудзода  Қумринисо, Қурбоналиева  Лайлӣ, Ситамова  Муаззама, Зардакова  Парвина, Холматова  Мунира, Комилова  Шафоат,  Миралиева  Парвина, Бобошоева  Ҳавасмо  ва  дигарон  бо  маърӯзаҳо  доир ба мавзӯъҳои “Зан – Модар  офарандаи  зебоиву  осоишу  оромиш”, “Муҳаббат – асоси ташкили  оила”, “Нақши  муассири  занон дар  ҷомеаи  муосир”, “Сиёсати  давлат оид  ба  мавқеи  занон дар  ҷомеа”, “Мақоми  зан дар сиёсати имрӯзаи  Тоҷикистон”, “Нақши зан дар инкишоф ва пешрафти ҷомеаи мутамаддин” ва дигар мавзӯъҳо доир ба сиёсати давлатии занон иштирок намуданд.

       Дар конференсия зикр гардид, ки дар замони муосир ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан саҳми занон дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар фаъол арзёбӣ гардид. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодии занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил ёфта, равиши тоза гирифта истодааст.

Маҳмудзода Қ.С. – ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.