СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ИФТИХОРИ 115-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

0 22

     5 декабр дар Кохи Ваҳдати      пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тољик”, баргузор гардид.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ходими номдори давлативу сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров самимона табрик гуфтанд.

    Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми аллома Бобоҷон Ғафуровро дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ бисёр муассир арзёбӣ карданд.

   Таъкид гардид, ки Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаш таи чандин ҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст.

   Бинобар ин, барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ва тандорӣ ба Бобоҷон Ғафуров 8-уми сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти мамлакат унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.

      Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин чорабинии сатҳи баландро нишонаи олии қадршиносии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои арзандаи Бобоҷон Ғафуров дар назди халқу давлати тоҷик арзёбӣ карда, зимни суханронии пурмуҳтаво оид ба ҳаёти ибратомӯз ва фаъолияти самаранокаш дар роҳи муаррифии мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷик дар арсаи олам андешаронӣ намуданд.

      Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Бобоҷон Ғафуров бо олимону адибон дар иртиботи доимӣ қарор дошт ва инкишофи илми Тоҷикистонро пайваста дастгирӣ, назорат ва роҳнамоӣ мекард.

     Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст. Ӯ дар марҳалаи нави рушди илму фарҳанги тоҷик риштаи тоҷикшиносиро густариш бахшид, ки аввалин падидаи дурахшони он эҷоди асари бунёдии “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” мебошад.

    Таъкид  гардид, ки ҳадафи устод Бобоҷон Ғафуров аз нашри ин китоб ва асарҳои минбаъда ба ҷаҳониён собит намудани ин ҳақиқати илмӣ буд, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои дунё буда, дар раванди рушди тамаддуни башарӣ нақши басо арзишманди таърихӣ бозидаанд.

    Аллома Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақола оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи ҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Бо ташаббус ва таҳти таҳрири ӯ танҳо бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзуъҳои муҳими таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидаанд. Дар байни осори Бобоҷон Ғафуров китобҳои бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» ва «Тоҷикон» мавқеъи хоса доранд. Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» зиёда аз 2000 сарчашмаи дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода намудааст. «Тоҷикон» соли 1972 дар Москва ба табъ расида, баъдан ба забонҳои ҷопонӣ ва полякӣ тарҷума ва нашр шуд, ҳамчун ин дар Афғонистон ва Эрон ба табъ расид. Ин асар аз тарафи маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳоиШарқ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ эътироф шуд ва батаври сазовор арзёбӣ гардид. Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо дар ҳақиқат заминаи ҷиддӣ гардид.

   Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» иброз доштаанд: «Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш аз таърихи гузаштаи халқҳо, пеш аз ҳама, лаҳзаҳоеро меҷуст, ки ба созандагӣ, дӯстӣ ва қаробати миллатҳову тамаддунҳо мусоидат намуда тавонанд. Таҳқиқоти ӯ доир ба омилҳои болоравӣ ва заволи давлати Сомониён, саҳми  Абулқосим Фирдавсӣ,  Абӯрайҳони Берунӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Муҳаммад Иқбол ва амсоли инҳо дар тамаддуни башарият мисолҳои равшане мебошанд, ки ба густариши равобити илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон ва дар айни замон таҳкими худшиносии миллии тоҷикон мусоидат намудаанд».

      Бобоҷон Ғафуровро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар Шарқ хуб мешинохтанд. Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз дар бораи Бобоҷон Ғафуров чунин гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл бузургтарин фарзанди Машриқзамин мебошад».

     Заҳмату талоши бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм маҳз аз ҳамин нукта иборат аст: ӯ исбот намуд, ки халқи тоҷик қадимтарин мардуми Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад. Воқеан ӯ дар ташаккули худшиносии миллии мардуми тоҷик саҳми беандоза гузоштааст.

Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб   ба  номи Раҳмонзода Р.А.»

Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.