ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАМШИРАҲОИ ШАФҚАТ 0 19 Мубодила кардан Санаи 12 майи соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” аз тарафи кафедраи кори ҳамширагӣ ҳамоиш, бахшида ба 12-уми май – “Рӯзи байналмилалии ҳамшираи шафқат” баргузор гардид. Дар ҳамоиш омӯзгорону донишҷӯён доир ба мавзӯъҳои таърихи кори ҳамширагӣ ва саҳми ҳамшираҳои шафқат дар нигаҳдории солимии аҳолӣ ба иштирокчиён пешкаш намуданд. 0 19 Мубодила кардан