ДАРСИ КУШОДУ НАМУНАВӢ

0 33

       Санаи  8 ноябри соли 2023 аз тарафи омӯзгори кафедраи «Асосҳои кори ҳамширагӣ» Гулнозаи Раҳим дарси кушоду намунавӣ бо иштироки гурӯҳи донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси кори момодоягӣ ташкилу баргузор карда шуд. Машғулият мавзӯи парастории ҳамширагӣ ҳангоми бистарзахмҳо дар беморонро дар бар мегирифт. Дар машғулият бо истифода аз ҷиҳози электронии таълим ва аёниятҳо оид ба сабабҳо, пешгирӣ ва хусусиятҳои парастории ҳамширагӣ ҳангоми ташаккули бистарзахмҳо ба донишҷӯён маълумоти саҳаҳ пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин аз тарафи донишҷӯён малакаҳои амалиии ҳамширагӣ, ки ҳангоми парастории беморони бистарзахм дошта заруранд иҷро ва намоиш дода шуданд. Дар машғулият намояндагони шуъбаи таълим, бахши  назорати сифати таҳсилот ва омӯзгорон аз дигар кафедраҳо иштирок намуда, ба он баҳои баланд доданд.

Кафедраи «Асосҳои кори ҳамширагӣ»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.