ПЕШВОИ НАВАНДЕШ ДАР ТАЪРИХИ МИЛЛАТИ БОСТОНӢ

0 13

      ПАНГИ МУН Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид соли 2009( Шумо Роҳбари давлате ҳастед, ки ман ба он эҳтироми хосса дорам. Шумо ташаббусҳои шахсии ман, инчунин Созмони Милали Муттаҳидро ҳамеша дастгирӣ менамоед. Иштироки Шумо (дар ҷаласаҳои СММ) ҳамчун роҳбари ташаббускор ва ҷонибдори ибтикорҳои СММ ба ҳалли масъалаҳои баррасишаванда мусоидат хоҳад намуд.)

      Дар давоми ин се даҳсола, ки солҳои ҳифзи истиқлолияти воқеӣ, поягузорӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, ташаккули ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, роҳандозии рушди устувори кишвар тавассути ислоҳоти фарогири сиёсиву иҷтимоӣ, эҳёи миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик буданд, ҷумҳурӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ бемайлон сиёсати бисёрсамтаро амалӣ месозад.

   Дар натиҷаи татбиқи стратегияи санҷидашудаи сиёсати хориҷии Сарвари давлат, ки бо унвони «сиёсати дарҳои боз» маълум аст, имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми сазовори худро пайдо намудааст. Аз дидгоҳи имрӯз мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии халқи тоҷик ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ доранд.

    Интихоб гаштани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат дар оғози солҳои 90-ум санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстию нотарсӣ буд, ки ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро барқарор, муносибатҳои бенизоми иҷтимоиро муътадил ва сулҳу амниятро пойдор карда тавонист.

    Дар китоби пурмуҳтавои «Чеҳраҳои мондагор» Пешвои миллат изҳор медоранд, ки «даврони начандон тӯлонии истиқлолияти миллии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки мо ба таърихи илму фарҳанги хеш, ки собиқаи чандинҳазорсола дорад, аз мавқеи тоза назар андозем».

    Сарнавишти ҳар миллати соҳибтамаддун ба азму иродаи матин, қалби бузургу пурмеҳр, ҳиммату ҷавонмардӣ, ҳисси ватандӯстиву ваҳдатгароӣ, мардумсолорию фарҳангпарварӣ, роҳандозии барномаҳои созанда ва нигоҳи неки фарзонафарзандонаш ба фардои дурахшон пайванди ногусастанӣ дорад.

   На ҳама сарварони давлат ба таърих ҳамчун Пешвои миллат ворид шудаанд. Барои ба номи бузурги “Пешвои миллат” сазовор гаштан пеш аз ҳама содиқ будан ба ватану миллат ва халқи азизи он, дониши баланд, ҷасорат, далерӣ, мардонагӣ, нотарсӣ ва меҳнату заҳмат, ранҷу талоши шабонарӯзӣ аз инсон талаб мешавад. Вақт муайян хоҳад кард, ки чӣ шахсон дар ҷомеа ба ин ном арзандаанд.

    Вақт нишон дод, ки воқеан ҳам тамоми ваъдаҳоеро, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омаданаш карда буданд, дар амал татбиқ намуда, Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявиву ягона муаррифӣ намуданд. Садои мавҷбори забони ноби тоҷикӣ аз минбари баланди ҷаҳон, — СММ аз забони ин сиёсатмадори маъруфу маҳбуб садо дод.

   Маҳз таҷаллии ҳамин хусусиятҳои ҷавонмардонаи фарзанди фарзонаи миллат, абармарди давру замон, родмарди арсаи сиёсат, меросбари фарҳанги пурифтихору деринбунёди давлатдории ориёӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ эмин монд ва мардуми қавииродааш аз нав дар ҷабҳаҳои созандагӣ ба кору пайкор пардохтанд.

     Мусаллам аст, ки пас аз фурӯпошии давлати Шӯравӣ ба сабаби ноогоҳӣ аз авзои сиёсию мафкуравии минтақаву ҷаҳон ва камтаҷрибагӣ дар самти мудирият қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони гирудорҳои сиёсӣ табдил ёфта, табақаҳои гумроҳи минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бозичаи дасти гурӯҳе мансабталош, риёкор, худнамо, худбохта ва фурсатталаб гардиданд. Дар натиҷа, на танҳо фазои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрию марказӣ, балки муҳити музофотӣ низ вазъи буҳрониро аз сар гузаронид.

     Бо қадамҳои устувор ва андешаҳои дурбинонаи барномаи давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш давра ба давра хомӯш карда шуд, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардиданд ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё гаштанд.

     Ба ин тартиб, замоне ки тавассути афкори ғаразноки сиёсию фарҳангӣ ва динию мазҳабӣ (ибтидои солҳои навадуми асри бистум—замони оғози ҷанги шаҳрвандӣ) Тоҷикистон ба саҳнаи низоъҳои сахти идеологию сиёсӣ ва динию мазҳабӣ табдил ёфта, бозичаи дасти абарқудратони минтақа ва ҷаҳон гардида буд, аксари кулли намояндагони қишрҳои сиёсӣ, равшанфикрӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷикистонӣ бетарафӣ ва бетафовутиро дар робита бо вазъи мавҷуда ихтиёр карда, бархе дигар, аз беиттилоотию бехабарӣ аз тамоюлоти сиёсӣ ва камтаҷрибагӣ дар баробари дарки сиёсатҳои минтақа ва ҷаҳон, ба ин ё он тарафи гурӯҳҳои даргир ҳамроҳ шуда, боиси ташаннуҷи вазъи куллӣ гаштанд.

     Хушбахтона, дар он авзои хатарбору ҳассос сиёсатмадорону фарҳангиёни баномус ва сарафроз дар манотиқи гуногуни кишвар ёфт мешуданд, ки ҷиҳати коҳиш додани сатҳи вусъати вазъи буҳронӣ ва танзими муносиботи мутақобила ва ҳасанаи миллӣ ва фаромиллӣ саъю талоши фаровон ба харҷ медоданд. Яке аз ин гуна шахсиятҳои дилсӯзу миллатпараст, ки ба майдони мудирияти давлатӣ ворид гардида, ВАТАН, ХАЛҚ, МИЛЛАТ ва Ҳукуматро аз хатари нобудӣ эмин дошт, Эмомалӣ Раҳмон буд.

    БОРИС ҚАНДОВ Президенти Конгресси ҷамоаи яҳудиёни бухороии ИМА ва Канада Эмомалӣ Раҳмон Президенти тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад. Мо тоҷиконе, ки дар гӯшаву канори мухталифи сайёра ҳаёт ба сар мебарем, бо Президенти худ, фаъолияти ӯ дар ҷодаи сиёсати хориҷӣ ва дохили кишвар мефахрем. Пешниҳодҳои глобалии ӯ дар хусуси пешгирии терроризм, таъмин намудани тамоми сокинони замин бо оби тозаи нӯшиданӣ дар ҳақиқат аҳамияти бузурги ҷаҳонӣ доранд.

     Пешвои муаззами миллати тоҷик барои ба даст овардани ваҳдати комили миллӣ ҷавонии хешро фидо карданд, то ҷавонони миллат саодатманду хушбахт бошанд. Маҳз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, буд, ки аз як кишвари ба пораҳо тақсимшуда Тоҷикистони ягона бунёд гардида, халқи шарифи он дар партави як сиёсат бо ҳам омаданд ва пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунанд.

    Масъалаи бунёди мактаби миллии давлатдорӣ, таъмини Ваҳдат ва суботи комили ҷомеаи Тоҷикистон, бунёди зерсохторҳои ваҳдати миллӣ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистон, эҳё ва меросбарӣ аз арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат ва дигар дастовардҳо низ аз муҳимтарин комёбиҳое мебошанд, ки бо азму талош ва ҷонисориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ раҳмон ба даст омадаанд.

   Ҳамзамон таъкид намудан лозим аст, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи як миллату давлат маҳдуд набуда, балки фарогири ҷомеаи инсонӣ мебошанд.

        Гарчанде ҷанги шаҳрвандӣ ба рушди соҳаи маориф монеа гардид ва ҳисороти зиёд ба миён овард, вале сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд ва таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба ин соҳа сол аз сол бештару беҳтар мегардад.

      Мо, тоҷикон, дар таърихи худ ба касе душманӣ надоштему ҷангҷӯ набудем. Дар фарҳанги мо, дар ҳофизаи таърихи мо афкоре аз ҷангу низоъ набуд, нест ва нахоҳад буд. Лекин агар душман ба сари мо ояд, таслим нахоҳем шуд. Ҳар як қитъаи замини Ватанамонро ҳамчун Шерак, Спитамену Темурмалик ҳифз мекунем.

      Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсиву ҳарбӣ дар ватани мо рушди босуботи кишвар дар шоҳроҳи демократкунонии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд.

     Мо шоҳиди тағйироти бузург дар молия ва иқтисоди ҷаҳон, бархӯрди тамаддун ва фарҳангҳо, муташанниҷ гардидани вазъи геополитикӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра ҳастем, ки ин падидаҳо бевосита ба раванди ҷаҳонишавӣ вобаста мебошанд. Тоҷикистони азизи мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеи ҷаҳонӣ аз таъсири мусбат ва манфии раванди чаҳонишавӣ эмин монда наметавонад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба ин масъала диққати хеле ҷиддӣ медиҳад.

    Сарвари давлат ба пешрафти соҳаҳои тандурустӣ ва варзиш низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Зеро насли солим гарави миллати солим мебошад.

    Дарҷ кардани қисмати дигари фаъолияти пурмаҳсули Пешвои миллатро, ки дар ба вуҷуд овардани давлати ягона тавассути бунёди роҳу нақбҳо, раҳо кардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ инъикос меёбад, ҷоиз медонам.

   Танҳо дар замони Истиқлолият муяссар гардид, ки Тоҷикистон ба давлати ягонаи дорои роҳҳои рафтуомади доимӣ мубаддал гардад. Бо ибтикори Пешвои миллат дар маҷмӯъ, зиёда аз 31 километр нақб, 2000 километр роҳҳои мошингард ва 200 пул сохта ба истифода дода шуд. Бунёди нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон” ва “Хатлон” рафтуомади мардуми минтақаи шимолро ба марказ ва ҷануби Тоҷикистон дар чор фасли сол таъмин намуд.

     Ҳамчунин дар ин муддат 270 неругоҳи барқии обии хурду миёна ба истеҳсоли неруи барқ шурӯъ намуд ва тавассути кашидани хатти интиқоли барқи баландшиддат шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд оварда шуд. Боиси сарфарозист, ки дар даврони Истиқлолият Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро чун яке аз рукнҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ эълон карданд. Имрўз мо дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорем. Маҳз, ҳамин принсипҳои давлатдорӣ ба ҷавонони кишвар шароит фароҳам овард, ки аз имкониятҳои таҳсил дар хориҷа васеъ истифода баранд, мутахассисони баланддараҷа гарданд ва ба халқу Ватани азизамон пурсамар хизмат намоянд.

     Имрўз мо ифтихор аз сулҳу оромиву таҳкими давлатдории миллати худ менамоем. Бузургтарин ва эътирофгаштатарин ифтихорҳо ин ифтихори миллист, ки онро имрўз бояд ҳар як фарди тоҷикзабон соҳиб бошад. Ҳар як миллат гумон мекунад, ки аз дигар миллат беҳтар аст, ки ин омил аввалин қадам дар роҳи ватандўстист. Ҳеҷ гоҳ мавриди тамасхури миллати тоҷик набуд ва намебошад, ки дар ин ё он нуқтаи ҷаҳон як миллат дар гирдоби низои дохилӣ қарор дорад. Танҳо қаноатмандиву ифтихори мо он аст, ки оташи ҷанги дохилии худро нест кардем. Давлатсозиву таҳкими рукнҳои устуворсозандаи давлати миллӣ дар партави сиёсати Пешвои миллат дар кишварамон бомаром ҷараён дорад.

Нуруллоева Сарвиноз

Ҷонишини директор оид ба таълим-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.