КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗАМИНАИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

0 16

      Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлатӣ тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ,осори таърихӣ ва фарҳангӣ миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон,ки ин хусусиятро тавассути моддаи 10-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат,асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд. Аз ин ру, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадафи стратегии давлати тозабунёди Тоҷикистон гардид.Маҳз бо мақсади қабули қонунҳои нав ва дар ин замина таъмин намудани тағироти куллии ҷомеа ва давлат дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.Бояд ёдовар шуд, ки таърихи қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёси ба давраи басо ҳасосу муракаби солҳои 90-уми қарни гузашта, ки Тоҷикистон қадамҳои аввалини худро барои бунёди давлати соҳибистиқлол ва аркони давлатдории милли мегузашт, рост омад, он барои мустаҳкам намудани пойдевори андешаҳои солими давлатдории милли дар афкори ҷомеа нақши босазо бозид.

      Конститутсия на танҳо қонуни асоси, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии хуқуқи ва махсусияти худ аз дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқи фарқ мекунад, ки ин хусусиятҳо ҳамчун сарчашмаи ягонаи қонунгузорииТоҷикистон мебошад. Бидуни Конститутсияи нав, ки асоси қонунҳои навро ташкил медиҳад, эҷоди қонунгузории нави давлатӣ демократии ҳуқуқбунёд имконнопазир буд.

    Бояд гуфт, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ин ҳадафҳои волои Конститутсия амали шуда, барои аз байн бурдани хавфе, ки ба Истиқлолияти давлати, тамомияти арзиши кишвар ва ниҳоят ба ягонагии миллат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқи муҳайё гардида роҳи сулҳу субот боз гардид. Аз ин хотир метавон гуфт, ки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти миллиро доро мебошад пурра ҷавобгуи талаботи нави замон буда дар асл қонуни ваҳдати милли ва рушду нумуи халк ва давлати Тоҷикистон мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ва роҳбарияти давлат,ба хусус сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамон солҳо эҳсос намуда буданд, ки бидуни сулҳу оромии ҷомеа, бе ваҳдати миллӣ, амният ва устувории ҷомеа ҳалли вазифаҳои муҳими давлат дар бобати гузариш ба давраи нави таърихӣ ғайри имкон буд. Аз ин хотир метавон гуфт, ки Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон дар воқеъ қонуни ваҳдати миллӣ ва рушднамои халқ ва давлатӣ Тоҷикистон мебошад. Солҳои инкишофи конститутсионӣ нишон доданд, ки ҳадафҳо ва мазмуни Конститутсия пурра ҷавобгуи талаботи нави замон буда, инкишофи ҷомеа ва давлатӣ Тоҷикистонро дар заминаи ҳуқуқӣ таъмин намуданд.

Қабули ин санади оли дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёдии давлати тозабунёди Тоҷикон, шакли иродаи ҳуқуқи ормонҳои давлатдории милли, ҳимояи ҳадафхо ва манфиатҳои милли мебошад ва ҳар ќадар солҳо моро аз қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дур мебарад ҳамон қадар аҳмияти муҳимияти таърихии он дар эҳёи давлатдории милли ва пойдории ҳокимияти конститутсиони воло мегардад.

   Гуфтаҳои боло далели онанд, ки Конститутсияи ҶумхурииТоҷикистон барои таъмини ваҳдати миллӣ, якпорчагии ҳудуди миллӣ, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, амният, адолати конститутсионӣ, иқтидори мудофиавӣ, фарҳангӣ миллӣ, анъанаҳои тамаддунй нақши ҳаётан муҳим дорад. Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон нахустин Конститутсияи миллии Тоҷикон, Конститутсияи давлатӣ соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, ки ба суннатҳои милли такя намуда, аз ваҳдати милли, фарҳангӣ миллӣ ва анъанаҳои миллӣ пуштибонӣ менамояд.

     Ин санади олӣ манфиатҳои миллии мардуми бошарафи Тоҷикистонро дар худ таҷассум намуда,аз конститутсияҳои қаблӣ, ки дар таърихи низоми идоракунии давраҳои мухталифи кишварамон солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 қабул гардиданд тафовути куллӣ дорад. Бинобар он, ки арзиши Конститутсияи имруза дар пойдори давлатӣ мустақили мо беҳамто мебошад ва бо гузашти солҳо мазмуну моҳияти навро касб мекунад,мувофиқи мақсад аст, ки баъзе тафовутҳои муҳими онро аз Конститутсияҳои қаблӣ, хусусан аз Конститутсияи соли 1978 таҳлил намоем, ки онҳо барои рушди Тоҷикистон соҳибистиқлол ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудаанд.

   Арзишҳои демократӣ табиист, ки бо дарназардошти шароити Тоҷикистон, дар робита бо фарҳангӣ миллии тоҷикон, осори таърихи, анъанаҳои милли амалӣ мешаванд. Демократияи Тоҷикистон дар асл демократияи милли бояд бошад,ба анъанаҳо ва фарҳанги миллии тоҷикон такя намояд. Тоҷикон дар масири таърих аз анъанаҳои демократи бархурдор буданд.Чеҳраҳои шинохтаи фарҳангй форсу тоҷик Сино, Рудакӣ, Фирдавсӣ, Абуҳанифа, Ҷомӣ, Дониш, Айнӣ ва дигарон ҷонибдори ҳаёти демократи буданд, ҳадафи асосии давлатро дар хизмат ба раъият медиданд, андешаҳои шоҳи адолатпеша, давлатӣ адолатпеша, ахлоќи ҳамидаи шоҳи одилро тарғиб менамуданд. Аз ҷумла, Абуҳанифа бо андешаҳои демократии худ дар олами ислом шуҳрати бузургро касб намудааст. У ҷонибдори озодии баён буда, ҳама гуна фатвои беадолатонаро мамнуъ эълон мекунад, аз истифодаи азоини давлат ба манфиати одамон, аз ҳақи мардум муқобили золимон пуштибонӣ мекунад.

      Пеш аз ҳама, тафовути муҳим аз конститутсияҳои қабли дар он аст,ки орзуву омоли гузаштагони мо, ки солҳои тулони мустақилияти комил ва рамзҳои давлати миллиро интизор буданд, ҷомаи амал пушид.Зеро барои расидан ба истиқлоли комил халқи мо роҳи тулонии таърихиро паси cap намуда, ба роҳи ин фазоили шукуҳманди таърихӣ бо чашми умед нигарон буд ва имруз ҳодисаҳое, ки дар ҷаҳони мутамаддин рух дода истодаанд, шаҳодати онанд, ки дар ин масири таърих вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як халқу миллати худшинос ин ҳамаҷониба эмин нигоҳ доштани падидаи муқаддас ба ном истиқлол ва давлати милли мебошад.

      Дигар ин, ки ин санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ аввалин ҳуҷати сатҳи олии кишвар мебошад, ки на аз номи халқ балки аз ҷониби худи халқ ба тариқи райпурсӣ эълон ва қабул гардидааст ва ин ифодаи орзую ормонҳои мардуми дар муқаддимаи Конститутсия мустаҳкам гардидаанд.

     Сеюм, дар Конститутсия давлатӣ демокративу дунявӣ ва ягона будани Ҷумхурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, дар заминаи он принсипҳои демократи ба монанди эътирофи халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, иштироки бемамониати ҳар шахсе дар идоракунии давлат, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ ва дигар падидаҳои нодири демократия таҷассуми худро пайдо намудаанд.

      Чорум, дар қонуни асосии кишвар меъёри муҳим, яъне арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои у (мод. 5) мустаҳкам карда шудааст, ки ин меъёри умумипазируфташудаи ҷомеаи башарӣ ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки имруз таърихи зиёда шаст сола дорад, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ такя мекунад. Дар ҳамин ҷо бояд зикр намуд,ки дар Конститутсия ҳамзамон меъёрҳое инъикоси худро пайдо намудаанд,ки ҳануз зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл дар Эъломияи Куруши Кабир дарҷ ёфта буданд, аз қабили ҳуқуқ ба озодии виҷдон. Дар ин замина имруз дар Конститутсия (мод. 5) ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эътирофшуда, муқаррар гардидааст, ки ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд(мод. 26), ки меъёри мазкур ифодакунандаи моҳияти демократии давлат буда,шароити мусоидро барои инкишофи озодонаи инсон фароҳам меорад.

    Панҷум, дар Конститутсия аввалин маротиба шакли идораи ҷумҳурии Президенти якдилона пешбини карда шуд ва интихоби ин шакли идоракуни дар тули даврони соҳибистиқлолии мамлакат борҳо собит сохт, ки он ҷавобгуи мақсаду мароми халқи кишвар буда, пешбаранда ва ташаккулдиҳандаи ѓояву ақидаҳои миллӣ ва ҳифзкунандаи арзишҳову дастовардҳои мардумӣ мебошад.

    Шашум, дар сатҳи Конститутсия амалӣ гардидани ҳокимияти давлати дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар карда шуда, ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимитяи давлатӣ дар асоси принсипи боздори ва мувозинат, мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёфта, ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон хизмат намоянд.

   Ҳафтум,тибқи Сарқонуни кишвар (мод. 12) асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият,аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

       Тибқи меъёри Конститутсияи қаблии соли 1978 (мод.10) бошад, асоси системаи иқтисодиии давлатро танҳо моликияти сотсиалистӣ дар шакли моликияти давлатӣ ва колхозиву кооперативи ташкил медод ва кафолати дигар шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ ба фаромуши рафта буд.

    Ҳаштум,тибқи Конститутсия аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар парламенти д умаҷлисаи доим амалкунандаи касбй (боби 3, мод.48-64) таъсис ёфта,барои рушду инкишофи ҳам андешаи парламентаризми миллии мо ва ҳам амалияи демократии давлату давлатдориамон мусоидат намуд.Таъсиси парламенти думаҷлиса Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон барои эҷод ва қабули қонунҳои ҷавобгу ба талаботи ҷомеа заминаи боэътимод гузошт ва ҳамагон шоҳиди онем, ки раванди қонунэъҷодкунйӣ аз ҷониби мақоми олии намояндаги ва қонунгузории кишвар бо маром амалӣ мегардад. Имруз дар кишвар зиёда аз сесад қонун ва бисту ду кодекси ҷавобгу ба замони муосир, ки муносибатҳои мухталифи ҷамъиятиро ба танзим дароварда, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро танзим менамоянд, амал намуда, дар партави Конститутсияи кишвар заминаи боэътмоди ҳуқуқии давлати миллии мо мебошанд.

      Нуҳум, дигар падидаи нав, ки дар Конститутсия (мод.78) инъикоси худро пайдо намудааст, ин дар воҳидҳои марзиву маъмурии кишвар ба монанди шаҳраку деҳот кафолати мавҷуд будани мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мебошад. Ниҳоди мазкур, яке аз нишондиҳандаи муҳими демократияи муосир дар кишвар маҳсуб меёбад, ки аз ҷониби худи аҳолии маҳал бо назардошти манфиатҳои умумиҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои маҳаллӣ барои халли масъалахои иҷтимоӣ, иктисодӣ ва фарҳангии аҳамияти маҳалли дошта таъсис ёфта, робитаи наздики давлатро бо аҳолӣ таъмин менамояд.

      Дар конститутсияи кишвар инчунин, дигар падидаҳое мавчуданд,ки бори аввал бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҷомеаи Тоҷикистон, бо умеди ояндаи неку дурахшони миллати тоҷик инъикоси худро пайдо намуданд,ки онҳо дар як вақт исботи намунаи беҳтарин конститутсияҳо будани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

    Қабули Конститутсия навин ба истиқлолияти комил мушараф гардидани мо хусусияти хосса дод, ба системаи муаяни арзишҳо таъсири босазое гузоштааст.Ба ҳар як давлату миллат дар масири таърих ба ворид шудан ба раванди ҷаҳонишавӣ ташаккулу рушд кардан ҳамчун давлати миллии муосир душвор буда, дар ин раванд хоҳ нохоҳ ба омезиши фарҳангҳои гуногун ба фарҳанги миллӣ дучор мегардад, ки ин албата ба мафкураву фаҳмиши ҳар як инсон таъсири худро мегузорад. Мо ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ки тамоми кувваю неруи зеҳнии хешро барои ҳифзи Истиқлолияти Давлати, Ваҳдати Милли, арзишҳои фарҳангу суннатҳои милли сарф намоем, ва ҳамеша дустдори давлату милати хеш бошем.

Маҳмудзода Қ.Н.- Муовини директор оид ба Илм

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.