ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАИ ОЗМУНҲОИ ДОХИЛИМУАССИСАВӢ ВА ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ СОБИҚАДОРУ ХИЗМАТНИШОНДОДА, БАХШИДА БА 70 СОЛАГИИ МУАССИСА

0 13

       Санаи 9 феврали соли 2022 дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон баргузор гардид. Дар ҷаласа озмунҳои дохилимуассисавии “Беҳтарин факултети сол”, “Беҳтарин кафедраи сол”, “Беҳтарин донишҷӯи сол” ва “Донандаи 400 калимаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ” байни донишҷӯён ҷамъбаст гардиданд.

     Мутобиқи хулосаи комиссияҳои озмунҳо дар номинатсияи “Беҳтарин факултети сол” ҷойи якум насиби факултети «Кори ҳамширагӣ», ҷойи дуюм насиби факултети «Кори момодоягӣ» ва ҷойи сеюм бошад насиби факултети «Кори табобатӣ» гардид.

       Дар номинатсияи «Кафедраи беҳтарини соли 2022» ҷойи якумро кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ», ҷойи дуюмро кафедраи «Асосҳои кори ҳамширагӣ» ва ҷойи сеюмро кафедраи «Забони рӯсӣ» сазовор гардиданд.

       Дар номинатсияи «Донишҷӯйи беҳтарини соли 2022» аз ҳар як факултет як нафарӣ, яъне 6 нафар донишҷӯёни фаъол, ки соли таҳсили 2021-2022-ро бо интизоми намунавӣ ва дониши хубу аъло ҷамъбаст намуданд, соҳиби унвони мазкур гардиданд.

     Дар озмуни “Донандаи 400 калимаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ” ҷойи якум насиби Сайфидинова Омина, донишҷӯи бахши якуми ихтисоси кори момодоягӣ, ҷойи дуюм насиби Давлатова Омина, донишҷӯи бахши якуми ихтисоси кори момодоягӣ ва ҷойи сеюм насиби Саидова Шукрона, донишҷӯи бахши якуми ихтисоси кори табобатӣ гардид. Ғолибони озмунҳо бо ифтихорнома ва мукофотҳои хотиравии роҳбарияти муассиса сарфароз гардонида шуданд.

      Дар ҷаласаи Шӯрои олимон бо пешниҳоди Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандон ва омӯзгорони Коллеҷ се нафар омӯзгорони асил, ки тули фаъолияти бисёрсолаашон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанду барои шараф ва нуфузи Коллеҷ хизматҳои мондагору ҷовидона намудаанд, аз ҷумла Кормандони Шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алочиёни маориф ва илми Тоҷикистон, Аълочёни тандурустии СССР ва Тоҷикистон Гиёев Тавар Расулович, Таваккалов Нураҳмад Бухориевич ва Шамсов Бобохон Шамсович, бахшида ба 70 – умин солгарди муассиса бо унвони Профессори фахрии Коллеҷ шарафманд гардиданд. Ҳамчунин бо мақсади зиндаю ҷовид нигоҳ доштани номи ин шахсиятҳо Китобхонаи марказии Коллеҷ ба номи Гиёев Тавар Расулович, толори варзишӣ ба номи Таваккалов Нураҳмад Бухориевич ва майдончаи варзишии Коллеҷ ба номи Шамсов Бобохон Шамсович номгузорӣ карда шуданд. Қарори мазкур аз тарафи тамоми аъзоёни Шӯрои олимони коллеҷ бо қарсакҳои пурмавҷу давомдор якдилона қабул гардид.

    Ҳамчунин аз тарафи роҳбарияти муассиса омӯзгори собиқадори коллеҷ Комилова Шафоат Темуровна барои хизматҳои бисёрсолаашон дар ҷодаи тарбияи насли наврас бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Иброҳимов С.Т. раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.