«ЧАРОҒИ РАҲНАМОИ МО — МУАЛЛИМ» ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ, БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР

0 21

      Санаи 3 – юми сентябри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”, бахшида ба «Рӯзи омӯзгор» ҳамоиши тантанавӣ ташкилу баргузор гардид. Чорабиниро муовини директор оид ба таълим Нуруллоева Сарвиноз ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин рӯз табрику муборакбод намуд.

   Дар чорабинӣ муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарама Даминзода Арафамо Искандар суханронӣ намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб омӯзгорони коллеҷро бо ин рӯзи табрик намуд. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки ҷомеаи имрӯзаро бе маориф ва омӯзгор тасаввур намудан ғайриимкон аст, зеро омӯзгор роҳнамои насли наврас буда, онҳоро ба таълим ва зиндагии осоишта ҳидоят менамояд. Ба қавли Шоири классики тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ, ки барҳақ фармудаанд:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

     Сипас Раиси иттифоқи касабаи омӯзгорони муассиса Иброҳимов Сорбон суханронӣ намуда, натиҷаи ҷамъбасти озмуни омӯзгори солро қироат намуд. Тибқи он иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» Бобошоева Ҳавасмоҳ — ҷойи якум, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ, Давлатова Сайлонбӣ — ҷойи дуюм, омӯзгори кафедраи химия ва биология Саъдуллоева Соҷида — ҷойи сеюм ва Одинаева Гулнора омӯзгори кафедраи кори ҳамширагӣ низ ҷойи сеюмро ишғол намуданд, ки номбурдагон бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулии роҳбарияти муассиса сарфароз гардонида шуданд.

      Ҳамчунин ба 10 нафар омӯзгорони коллеҷ, ки давоми соли таҳсили гузашта дар ҷодаи таълиму тарбия натиҷаи хуби фаъолият нишон доданд бо сипоснома ва мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Дар охири ҳамоиш дастаи ҳаваскорони Коллеҷ хотири ҳозиринро бо сурудҳои дилошӯби худ шод гардониданд.

Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтова Г.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.