ЗАБОНИ МИЛЛАТ – НИШОНИ МИЛЛАТ!

0 30

     Сомониён дар баробари ба даст овардани истиқлолият барои пойдории суннатҳои миллӣ ва ободонии кишвар, бахусус ба хотири боло бурдани мақому мартабаи давлат ва забону фарҳанги мардуми хеш аз ҳамаи имкониятҳо истифода карда, донишмандону адибонро ба марказ ҷамъ оварда буданд. Ҳамин сиёсати фарҳангии Сомониён буд, ки дар он даврони таърихӣ ба забони тоҷикӣ осори фаровон ва арзишманде таълиф гардид.

     Дар таърихи сиёсии халқи тоҷик сулолаи дигареро, ки ба ҳадди Сомониён чунин як сиёсати махсус ва ҳамзамон сиёсати бисёр мӯътадил ва одилонаи миллӣ ва забону фарҳанги ҷаҳоншумул дошта бошад, наметавон пайдо кард.

   Натиҷаи ҳамин сиёсат ва хиради Сомониён аст, ки мо имрӯз соҳиби яке аз забонҳои зебо ва шевои дунё ҳастем ва барҷастатарин олимони асрҳои миёна, чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Закарёи Розӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём ва ҳамасрону пайравони онҳо низ осори маъруфи илмии хешро ба ин забон навишта, ба тамаддуни ҷаҳонӣ арза доштаанд.

    Шоири номдори асри XVI, Калими Кошонӣ нирӯ ва қудрати эъҷозофарини забону суханро бисёр олӣ дар риштаи назм гирифтааст. Ба андешаи ӯ, мақоми сухан болотар аз ҷойгоҳи офтоб аст ва гармиву нурафкании он бисёртар аз гармиву танаввури офтоб аст. Агар офтоб шабро бубинад, сухан шабро нахоҳад дид, зеро «бозор»- и сухан доимо «гарм»- у «чароғон» аст. Девори сухан ҳамеша баланд аст, инсоният- ҳама дар зери ин деворанд. Ҷойгоҳи сухан, офтоб куҷо, аз арш ҳам баландтар аст. Ҳатто, ба андешаи шоир, арш барои он ки аз «гулзор»- и сухан «гул»- е бичинад, дар зери «пой»- и худ курсӣ мегузорад, ки дасташ бар сухан бирасад. Агар ҳар дину мазҳаб мункирон (инкоркунандагон)- и худро дошта бошад, сухан ҳеч вақте мункире надорад, чун он тарбиятгар ва зебоибахши рӯҳу ботини инсон аст.

     Пушида нест, ки Истиқлолият барои рушди ҳаматарафаи забони ноби тоҷикӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Ҳанӯз соли 1995 дар замоне, ки гурӯҳи қудратманде ба ҷойи забони модарӣ бо забони яроқу силоҳ ва зӯроварӣ гап мезаданд, Президенти мамлакат ҳамон замон нақши беандоза доштани забонро таъкид карда, бо боварии комил қайд карда буданд, ки “Забони модарии мо, имрӯз низ қодир аст ҳамон рисолати таърихии худро идома диҳад ва барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба давлатҳои минтақа мусоидат кунад”.

   Ҳамин буд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ забони хонаводагию кӯчагӣ ба забони миллӣ, коргузорӣ, сиёсӣ, давлатӣ табдил ёфт. Ин забон ҳоло баробари Парчам, Суруди миллӣ ва Нишон яке аз рукнҳо ва рамзҳои муайянкунандаи миллату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст.

    Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5-уми октябри соли 2009, №533, забони тоҷикӣ аҳамияти давлатӣ пайдо карда, масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро боло бардошт.

     Имрӯз забони давлатӣ ҳамчун омили муҳими пешбурди умури давлатдорӣ ва тавсеаву таҳкими муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар муоширати байни шаҳрвандони кишвар ба таври озод истифода мешавад. Илова бар ин, дар асоси принсипҳои сиёсати давлатӣ доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар фаъолияти мақомоти қонунбарор, иҷроия, мақомоти судӣ, соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, воситаҳои ахбори омма ва умуман дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ мебошад.

    Бо вуҷуди ин, ба роҳбарони сохторҳои масъули татбиқи Қонуни забон, инчунин аҳли зиёи кишвар зарур аст, ки бо истифода аз осори гаронбаҳои гузаштагон ва забони зиндаи халқ ба забони миллӣ нерӯву тавони тоза бахшида, беҳтарин намунаи забони меъёрии адабиро дар хизмати ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда қарор диҳанд.

    Забони тоҷикӣ, ки дар пайванди маҳкам бо гӯишҳои ҳамрешаи худ – забони дарӣ ва форсӣ – дар ҷараёни даҳҳо садсолаҳои таърихӣ ҳамчун забони тамаддунбахш дар минтаќаҳои густурдаи ҷаҳон аз мавќеияту азамати фарҳангии вижа бархӯрдор аст, бисту чаҳор сол аст, дар зодгоҳи худ маќоми пешина ва деринаи худро соҳиб шуда, чун дар асри тиллоии тамаддуни тоҷикон – аҳди Сомониён – ба забони расмӣ, сиёсат, ҳуќуќ, иќтисод, илму фарҳанг табдил шудааст.

       Тавсеаву такомули забон як раванди бисёр душвор, тӯлонӣ ва мустаќим аст. Барои ҳатто кӯчактарин таѓйирот дар забон гоҳо бештар аз сад сол лозим меояд. Аммо хароб шудани забон фароянди хеле бошитоб аст ва метавонад ногаҳон оѓоз шавад ва дар кӯтоҳтарин муддат забонро ба нобудӣ барад. Коршиносон пешбинӣ кардаанд, ки дар сад соли оянда ҳаштод дарсади забонҳои зиндаи дунё аз байн мераванд.

     Миллати тоҷик нек медонад, ки кулли ганҷинаи адабу фарҳанги мо тавассути забон ҷовидон мондааст ва ба воситаи забон дар арсаи ҷаҳон эътироф ва шинохта шудааст.

       Бо талошу заҳмати шахсиятҳои бузурги илму адаб забони тоҷикӣ дар сайри таърихии хеш давра ба давра ташаккул ва таҳаввул пайдо карда, куҳантарин ва асилтарин унсурҳои таърихӣ ва миллии худро аз ќаъри асрҳо то кунун ҳифз намуда, имрӯз, чун ганҷинаи гаронбаҳо, ба мо ба ёдгор мондааст.

      Забон дар маҷмӯь як қисмати муҳим ва ё ба иборати дигар як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст. Аз мутолиаи он мо дар бораи бисёр ҷанбаҳо ва масъалаҳои муҳими ҳаёти гузаштагони хеш иттилое ба даст меоварем, ки ҳатто таърихнигорон ба онҳо камтар таваҷҷуҳ кардаанд. Масалан, аз рӯйи захираи вожагон ва истилоҳоти забон мо метавонем бо боварӣ дар бораи пешрафт ва ё заъфу сустии ягон соҳаи ҳаёт иҷтимоию иқтисодӣ дар давраҳои мухталиф қазоват кунем, аз ҷониби дигар, забон манбаи бисёр муътамад барои омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни мо мебошад.

     Дар суханрониҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ аён мегардад. Чунончӣ, ӯ дар Паёми телевизионии худ ба муносибати 20-солагии Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 июли соли 2009) чунин гуфта буд: «Забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пурнишебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад».

Муовини директор оид ба таълим Нуруллоева С.А.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.