МАҚСАДИ ҲИЗБИ ХАЛҚИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ

0 42

     Санаи 06 декабри соли 2023, дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Ворисони Сино” МДТ-и Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз чорабинии идона бахшида ба 29-солаги ташкилёбии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

         Дар чорабинӣ директори муассиса доктори илми тиб муҳтарам Азиззода Зубайдулло Абдулло.

      Раиси кумитаи ҲХДТ дар ш, Кӯлоб муҳтарам Сайвализода Салим

     Собиқадорони ҳизб, устодон ва донишҷуёни муассиса иштирок доштанд.

    Чорабинии идона бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

      Бо сухани ифтитоҳи роҳбари муассиса муҳтарам Азиззода Зубайдулло баромад карда, ҳозиринро бо ин санаи ифтихори ва чорабинии муҳими сиёси табрик ва муборакбод гуфт. Баромадкунанда оид ба фаолияти ташкилоти ибтидои ҳизбӣ “Ворисони Сино” дар муассиса андешаҳои худро баён кард.

     Баъдан бо сухани табрики раиси кумитаи ҲХДТ дар ш, Кӯлоб муҳтарам Сайвализода Салим, баромад карда аҳли иштирокдорони чорабиниро аз номи роҳбарияти ҲХДТ дар ш, Кӯлоб табрик гуфта, барои ҳамкории пайвастаи муассиса бо ташкилоти ҳизбии шаҳр ба роҳбарияти муассиса изҳори сипос намуданд.

     Котиби ташкилоти ибтидои ҳизбии “Ворисони Сино” Абдураҳмонов К., оид ба фаолияти ташкилоти ибтидои ҳизбии муассиса дар соли ҷори қайд кард, ки аъзоёни ҲХДТ дар муассиса пайваста дар тадбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ саҳмгузор мебошанд ва ҷонибдори сиёсати созандагию бунёдкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

       Дар қисми тантанавии чорабинӣ ба як қатор омӯзгорон ва донишҷӯён барои дарки баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, раиси муаззами фаъолияти пурсамарашон  ҲХДТ муҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон ва саҳми босазо гузоштанашон дар таълиму тарбияи ҷавонону наврасон бахшида ба 29 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз ҷониби маъмурияти муассиса ва кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Котиби ташкилоти ибтидои ҳизбӣ

“Ворисони Сино” МДТ – и

Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи

Раҳмонзода Раҳматулло Азиз                                  Абдураҳмонов К.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.