ВОХУРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДОИР БА МАВЗӮИ “БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ – РОҲИ АСОСӢ ВА САМАРАНОКИ ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ”

0 13

     Санаи 5 декабри соли 2023 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” вохӯрии ҳайати роҳбарият ва омӯзгорони коллеҷ бо намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ доир ба мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ – роҳи асосӣ ва самараноки пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ” ташкилу баргузор гардид. Дар вохурӣ прокурори калони шуъбаи муқовимат бо терроризму экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Тоҷиддинзода Зафар Мададбек ва сардори бахши муқовимат бо коррупсияи шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, подполковники адлия Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод иштирок доштанд.

      Саравал вохуриро директори коллеҷ доктори илмҳои тиб Азиззода З.А. кушода, меҳмононро бо аҳли толор шинос намуд ва доир ба масъалаи чорабинӣ ва муҳимияти масъалаи баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии омӯзгорону донишҷӯён гуфта гузаштанд.

   Сипас прокурори калони шуъбаи муқовимат бо терроризму экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Тоҷиддинзода Зафар ба сухан баромада, қайд намуд, ки имрӯзҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гурӯҳҳои зиёди террористию экстремистӣ хатари бузургро ба вуҷуд овардаанд. Ин гурӯҳҳо аз номи муқаддаси ислом баромад намуда, ба ин васила ҷавонони саводи кифии динию таърихӣ надоштаро ба худ ҷалб мекунанд. Мардуми тоҷик ҳеқ гоҳ ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 умро аз хотир намебароранд. Ҳамон рӯзҳо низ як қатор гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо дастгирии ташкилотҳои хориҷӣ миёни мардум низо андохта, мехостанд давлати бо роҳи демократӣ ва конститутсионӣ интихобшударо аз байн бурда давлати исломӣ ташкил намоянд. Албатта онҳо ба мақсадҳои нопоки худ нарасида ба зиддияти мардуме, ки аз давлати демократӣ дастгирӣ менамуданд дучор омаданд. Дар натиҷа байни гурӯҳҳои тарафдори ҳукумати конститутсионӣ ва гурӯҳҳои экстремистӣ ҷангу низоҳҳо оғоз ёфта, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, ки ҷони ҳазорон нафар мардуми бегуноҳро аз байн бурда, боиси гуреза гаштани дигарон гашт. Сохти давлатдорӣ ва иқтисодиёти ҷумҳурии навтаъсис кассод шуд, ки рушди минбаъдаи онро даҳҳо сол ба қафо партофт.

     Маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи сулҳпараваронаи халқи тоҷик муяссар гардид, ки ба ҷанги таҳмилӣ хотима бахшида шавад. Имрӯзҳо аксари мардуми кишвар, ки дарки он рӯзҳоро мекунанд аз фазои сулҳу амонии кишвар шукрона намуда, кору фаъолият намуда истодаанд. Вале мову Шумо медонем, ки аз хориҷи кишвар имрӯзҳо як қатор гурӯҳҳои экстремистӣ байни мардуми тоҷик чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғоти бардуруғро ба роҳ монда, мехоҳанд байни мардум низоъ андозанд. Барои ба мақсади нопоки худ нарасидани онҳо маҳз имрӯзҳо бояд мардум бахусус ҷавонон аз дониши баланди таърихи халқи тоҷик, сиёсат вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳон бархурдор бошанд, то фирефтаи найрангҳову ваъдаҳои дурӯғи ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ нашаванд. Саҳми Шумо омӯзгорони мӯҳтарам имрӯзҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии касбӣ, сиёсӣ, фарҳангшиносӣ ва таърихи халқи тоҷик хеле баланд ва асосӣ ба шумор меравад. Зеро ҳеҷ як нафари соҳиби дониши касбӣ ва бархурдор аз таъриху фарҳанги худ даст ба иғвогарӣ ва қонуншиканӣ намезанад.

     Сипас сардори бахши муқовимат бо коррупсияи шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, подполковники адлия Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод ба сухан баромада, қайд намуд, ки дар баробари терроризму экстремизм ба ҷомеаи шаҳрвандӣ паҳнёбии амалҳои коррупсионӣ низ таъсири хеле манфӣ мерасонад. Маълум аст, ки он давлат ва ё корхонае, ки дар он коррупсия реша медавонад ва ноадолатӣ нисбати шаҳрвандон сурат мегирад ҳеҷ гоҳ рушд ва тараққӣ нахоҳад кард. Барои даст ба амалҳои коррупсионӣ назадани шаҳрвандон дониши ҳуқуқии онҳо нақши хеле муҳим мебозад. Дар баробари рушди иқтисодии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур омад, ки барои пешгирӣ аз рушди амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа чораҳои дахлддорро андешад. Бо ибтикори Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

     Дар ин замина 9-уми декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар тамоми ҷаҳон эълон карда шуд. Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия ҳуҷҷати мазкурро 25 сентябри соли 2006 пазируфта, онро 16 апрели соли 2008 тасдиқ намуд. Барои мустаҳкам намудани сиёсати зиддикорупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Аз ҷумла, таҳия ва ду маротиба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 11 декабри соли 1999 ва аз 25 июли соли 2005, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 28 декабри соли 2012, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020 ва дигар санадҳои зериқонунӣ аз ҳамин қабиланд. Дар баробари ин, ду маротиба қабул ва роҳандозӣ намудани Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати ноил гардидан ба муборизаи дастаҷамъона зидди ин зуҳуроти номатлубро таъмин намуда, боиси аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии кишвари мо гардидааст.

    Мутобиқи сархати 1 моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» коррупсия — кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад.

     Аз ин ру ҳар як шахс бояд меҳнати софдилона намуда, бояд кӯшиш намояд, ки худ ва наздиконашро аз ин гуна амалҳои номатлуб нигоҳ дорад, то ин ки шахсияти худро байни ҷомеа доғдор насозад. Мо аз тарафи худ омодаем, ки оид ба пешгирии зуҳуротҳои номатлуб байни шаҳрвандон бо тамоми корхонаву идораҳо ҳамкорӣ намоем.

    Дар охири чорабинӣ директори коллеҷ, муҳтарам Азиззода З.А. ба меҳмонон барои суҳбати пурмуҳтаво бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии омӯзгорон изҳори сипос намуда, ба онҳо барои ҳамкории доимиашон сипосномаи роҳбарияти коллеҷро тақдим намуд.

Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Г.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.