ҶАВОНОН ШОҲИДОНИ РУШДИ ВАТАН!

0 5

         Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 августи соли 2023 дар толори дастгоҳи марказии Кумита ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон пайравони Пешвои Миллат” доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур мавзӯъи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол” мавриди омӯзиш қарор гирифт. Ҳамон рӯз сафари иштирокчиён ба ш. Роғун ҷихати шиносоӣ аз ҷараёни сохтмони бузурги аср НБО Роғун баргузор гардид. Ҷавонон бо ҷараёни кор ва бузургию ҳашамати он ошно гаштанд. Қайд карда шуд, ки аксари сохтмончиёни иншооти мазкурро ҷавонон ташкил медиҳанд.

     Сохтмончиён бо нерӯи баланди ватандӯстона корҳои сохтмониро идома дода истодаанд. Сафари тозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иншооти азим ба тамоми сохтмончиён нерӯи тоза бахшидааст. Хушбахтона дар ин ҳамоиш ва сафар ба иншооти бузург ду нафар омӯзгорони ҷавони МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Аҳтамова Сарвиноз ва Одинаева Аҳдия иштирок намуданд, ки таасуроти худро аз ин сафар ба донишҷӯёну омӯзгорон нақл мекунанд.

                Аҳтамова С. Мудири кафедраи кори ҳамширагӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.