ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

0 22

        Санаи 30 – юми сентябри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” ҳамоиш, бахшида ба “Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” ташкилу баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки васеъи донишҷӯёну омӯзгорон ташкил гардида, дар он аз тарафи омӯзгорону донишҷӯён маърӯзаҳо доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд. Инчунин як қатор донишҷӯён аз Маснавии Маънавӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд, ки ба маҳфил ҳусни тоза бахшид.

        Қайд намудан зарур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Соли Румӣ», ки санаи 8-уми сентябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, чунин иброз намуданд: «шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарафрозии мо тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд».

      Дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон-собиқ Колхозобод ба номи Ҷалолиддини Балхӣ номгузорӣ карда шуд. Ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.

        Ҳавасмо Бобошоева – мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.