КОНФЕРЕНСИЯИ НАЗАРИЯВӢ

0 16

     Санаи 29 уми сентябри соли ҷорӣ аз тарафи кафедраи тибби оилавӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” ҳамоиши таълимӣ, доир ба мавзӯи “Нақшу вазифаҳои ҳамшираҳои тибби оилавӣ”, бахшида ба 32 солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу баргузор карда шуд.

      Дар кори конфронс омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети кори табобатӣ иштирок намуда, дар он маърӯзаҳо доир ба мавӯъҳои “Касби ҳамшираи тибби оилавӣ ва вазифаҳои ӯ”; “Принсипҳо ва фалсафаи тибби оилавӣ”; “Ташрифоварӣ ба хона”; “Лавозимоти тиббие, ки ҳамшираи тибби оилавӣ бояд бо худ дошта бошад”; “Ҳуқуқҳои бемор”; “Махфиёти парастории тибби оилавӣ” садо доданд, ки барои иштирокчиён хеле хуш ва муфид буданд.

    Дар охири конфронс саволу ҷавоб ва музокира байни иштирокчиён сӯрат гирифт. Албатта қайд намудан зарур аст, ки иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чунин ҳамоишҳои таълимӣ боиси баланд гаштани сатҳи донишандӯзии онҳо хоҳад гашт.

 Мудири кафедраи  тибби оилавӣ  Бозорова С.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.