РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ СИРОЯТИ ВНМО 0 30 Мубодила кардан Бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сироятёбӣ бо вируси норасоии масунияти инсон (ВНМИ) — ки 1 декабр дар тамоми ҷаҳон қайд карда мешавад, санаи 1 уми декабр дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” аз тарафи кафедраи тибби оилавӣ семинари таълимӣ ташкил карда шуд. Дар он омӯзгорону донишҷӯён оид ба роҳҳои пешгирӣ аз сироятёюбӣ бо ВНМО ба иштирокчиён маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Ҳамчунин доир ба мавзӯи мазкур саволу ҷавоб ва музокира байни донишҷӯён сурат гирифт. Дар охири чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъоли семинар сипосномаҳои роҳбарияти муассиса тақдим карда шуд. Мудири кафедраи тибби оилавӣ Бозорова С.С. Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 30 Мубодила кардан