МИЗИ МУДАВВАР

0 3

    Санаи 31 октябри соли 2023 аз тарафи мудири кафедраи “Тибби оилавӣ” Бозорова Саёҳат бо иштироки омӯзгорони кафедра мизи мудаввар доир ба мавзӯъи “Кӯмаки аввалияи тиббӣ ба беморони диққи нафас ташкилу баргузор карда шуд. Дар чорабинии таълимии мазкур омӯзгор Бозорова С. оид ба сабабҳои беморӣ, паҳнёбии он, услубҳои муосири ташхис, табобат ва пешгирии бемории диққи нафас маълумот пешниҳод намуд. Ҳамчунин методикаи услубҳои самарабахши пешниҳоди маълумотнома доир ба бемории мазкур барои истифода дар машғулиятҳо ба омӯзгорон пешкаш карда шуд. Дар мизи мудаввар намояндагони раёсати коллеҷ, шуъбаи таълим, бахши назорати сифати таҳсилот ва омӯзгорон аз дигар кафедраҳо ширкат доштанд. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии омӯзгорон оид ба услубҳои муосири ташхису табобати бемориҳо, беҳтар намудани сифати машғулиятгузории омӯзгорон ва ба ин васила беҳтар намудани нишондодҳои сифати таълим дар муассиса мебошад.

Мудири кафедраи тибби оилавӣ Бозорова С.С.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.