Санаи 29 декабри соли 2022 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб баноми Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” бо ташаббуси мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Иброҳимов Сорбон дарси сиёсӣ доир ба масъалаи баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон ташкилу баргузор гардид. Омӯзгор ҳамчун маводи омӯзишӣ мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” – ро истифода намуд. Дарси сиёсӣ бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.
Нақшаи дарс аз 8 қисм иборат буд:
-
Баёнияи мантиқии низои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон;
-
Баҳси ҳуҷҷатҳо дар масъалаи марз;
-
Талаботҳои Конститутсияи ИҶШС дар бораи қонунӣ шудани сарҳад байни ҷумҳурии узви Иттиҳоди Шӯравӣ;
-
Ҳақиқати Тоҷикистон ё ҳуҷҷатҳои такягоҳии Тоҷикистон. Моҳияти ҳуҷҷатҳо чист?
-
Ҷониби Қирғизистон ҳангоми баҳс ба кадом ҳуҷҷатҳо такя мекунад?