ТАБИБИ ҲАР ЯК ШАХС ПЕШ АЗ ҲАМА ХУДИ ӮСТ! (ХАТАРҲОИ ВНМО/БПНМ (ВИЧ ва СПИД)-РО ДОНЕД)

0 68

     СПИД яке аз бемориҳои марговар ба шумор рафта, тамоми дунёро фаро гирифтааст. Ин бемориест, ки онро вируси норасоии масъунияти баданро (ВНМБ) ВИЧ ба вуҷуд меорад. СПИД ин зинаи охирони ВИЧ ба ҳисоб меравад.

      Баъзехо гумон мекунанд,ки ВНМО(ВИЧ)ва БПНМ(СПИД) харду як чиз мебошанд.Дар асл чунин нест.

  ВНМО(ВИЧ)-ин вируси норасоии маснуияти одам мебошад.Ин вирус системаи мухофизаткунандаи баданро,ки бадани инсонро аз сирояти касалихои зиёд мухофизат мекунад,суст менамояд.Ин вирус хучайрахои муайани системаи мухофизаткунандаи баданро маглуб мекунад.Одамонеро,ки гирифтори ВНМО(ВИЧ) мебошанд,шахсони мубталои ВНМО меноманд.

   БПНМ(СПИД) -ин мачмуи аломатхои бемории пайдошудаи норасоии маснуият мебошад,ки дар мархилаи охирини ВНМО инкишоф меёбад.Дар холи заиф шудани системаи мухофизаткунандаи бадан одам бештар ба касалихо гирифтор мешавад,махсусан ба касалихои гузаранда(масалан сил, варами шуш). Ин гуна инфексияхоро фурсатталаб (оппортунисти) меноманд. Онхо замоне пайдо мешаванд, ки системаи муҳофизаткунандаи бадан суст мешавад ва кобилияти бо барангезандагони касалиҳо муқобила карданро аз даст медиҳад.

     Даври ниҳони аз замони ба вирус сироят шудани одам то се мох ва дар камтарин ҳолатҳо то шаш моҳ давом мекунад. Дар ин давра бо ташхисҳои мавҷуда вирусро дар бадани инсон пайдо кардан мумкин нест, аммо хатари ба дигар одам сироят шудани он боқӣ мемонад.

     Бемории СПИД нишонаҳои зоҳирӣ надорад. Шахсе, ки ба ин беморӣ гирифтор мешавад, метавонад солҳои дароз бенишона зиндагӣ кунад ва баъди чанд вақт метавонад системаи хунгарди худмуҳофизатии одамро суст кунад.

     Бештари ашхосе, ки ба ВИЧ СПИД мубтало гардидаанд, онҳое мебошанд, ки аз моддаҳои нашъаовар истифода бурдаанд ва ҳамчунин ба воситаи сӯзандору ба рагҳои хунгард дохил намудаанд.

    Мутаассифона, сироятёбии ин беморӣ рӯз то рӯз афзоиш ёфта истодааст. Ба ин бемории марговар асосан бо 3 роҳ гирифтор шудан мумкин аст:

  1. Ҳангоми истифода бурдани сӯзандоруҳои умумӣ ва дигар асбобҳое, ки бо хуни шахси сироятшуда дар алоқа қарор доштаанд;

  2. Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ;

  3. Аз модари сироятшуда ба кӯдак.

  Аломатҳои бемории СПИД: Одами бемор беҳол гашта, зудмондашавӣ, тез-тез арақкунӣ, дар пӯст пайдошавии захмҳои зардобдор, калоншавии андозаи гиреҳҳои лимфатикии зери ҷоғ, гардан, зери бағал ва ғайраҳо мушоҳида мешаванд.

  Гарчанде, ки табобати бемориҳои зуҳравӣ муолиҷашавандаанд, вале то ҳол СПИД ва ё усули ба воситаи моягузаронӣ пешгирӣ намудани вируси он маълум нест. Дар давлатҳои сершумори ҷаҳон, инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора олимон тадқиқотҳои илмӣ бурда истодаанд. Яке аз чораҳои ба бемории СПИД гирифтор нашудан ба тарзи ҳаёти солим риоя намудан аст.

   Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масъунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният» ягон шахс (ё корманди тиббӣ) аз шахсони ба ВНМО сироятшуда ҳуқуқи талаб кардани маълумоти зарурӣ оид ба бемориро бе розигии онҳо надорад.

    Тибқи моддаи 4-уми қонуни мазкур давлат тамоми ҳуқуқ ва озодиҳоро ба одамони аз ВНМО сироятёфта ва мубталои ин беморӣ, инчунин аъзои оилаи онҳо кафолат медиҳад.

      Дар асоси моддаи 11-уми қонуни мазкур бошад, маълумот дар бораи сирояти ВНМО ё мубталои ин беморӣ будан сирри тиббӣ буда, онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз мекунад.

    Аз ҳамин сабаб маълумот оиди ин бемори махфӣ буда, танҳо ба хотири амнияти беморон аз табъиз дар байни ҷомеа ин тадбир андешида шудааст.

    Тибқи моддаи 25-уми қонуни номбурда «Дидаю дониста зери хатари сироят гузоштан ё сироят кунонидани шахси дигар (ё якчанд шахс) ВНМО аз ҷониби шахсе, ки ба сирояти ВНМО гирифтор баданашро медонад, боиси ҷавобгарии ҷиноятии муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад».

    Ҳамасола санаи 1-уми декабр Рузи ҷаҳонии мубориза алайҳи СПИД дар тамоми ҷаҳон дар ин баробар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бо баргузор гардидани чорабиниҳои гуногун қайд карда мешавад.

Талабова М.Н Декани факултети кори ҳамширагӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.