РОҒУН НАМОДИ ҚУДРАТУ ҶАСОРАТ ВА СОЗАНДАГИЮ БУНЁДГОРИСТ

0 5

     Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик имкониятҳои зиёди рушду инкишофро фароҳам овард. Дар ин марҳила Тоҷикистон анҷоми як қатор корҳоро мақсади асосии худ дониста, зери унвони ҳадафҳои стратегии мамлакат амалигардонии онҳоро дар мадди аввал қарор дод. Яке аз ин ҳадафҳо расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат пайомадҳои зиёди мусбат дорад. Бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори он сабаби бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии мамлакат ва ба даст овардани музди меҳнати кофӣ мешавад, ки ин дар навбати худ сабаби баланд шудани некӯаҳволии шаҳрвандон мегардад.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин қайд намуданд: “Маҳз ба ҳамин хотир мо неругоҳи «Роғун»-ро сохтмони аср эълон кардаем. Бо бунёди ин неругоҳи бузург мо натанҳо мушкилоти нарасидани барқро барои аҳолӣ ҳаллу фасл менамоем, балки ба хотири рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан, маорифу тандурустӣ заминаи устувор фароҳам меоварем”.

       «Роғун»-ро тамоми Тоҷикистон месозад. Дар ин иншооти азим зиёда аз 15 ҳазор нафар кор менамоянд, ки байнашон намояндагони ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ҳастанд. «Роғун» ҷое аст, ки дар он ваҳдати миллӣ, дӯстию рафоқат, далерию шуҷоат тавлид ва кафшер мешаванд.

    Бунёди НБО “Роғун” мамлакати моро аз мушкилоти таъминоти неруи барқ, ки дар фасли сармо ба бор меовард, раҳонид. Ин неругоҳ пуриқтидортарин неругоҳ дар Осиёи Миёна буда, иқтидори тавлидотии неруи барқи он 13,5 миллиард килловатро ташкил медиҳад. Дар ҳақиқат дарк намудан мумкин аст, ки бо бунёди неругоҳи мазкур иқтидори энергетикии мамлакат ду-се баробар афзуда, он натанҳо ба хотири таъмини бозори дохилӣ, балки ҳамчун неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон ба бозори минтақа ва ҷаҳон бароварда мешавад. Дар чунин ҳолат сатҳи даромаднокии буҷети давлатӣ боло рафта, имконияти беҳтар намудани таъминоти иҷтимоии аҳолии кишвар фароҳам мегардад.

      Итминони комил дорем, ки “Роғун” манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёту пешравиҳои бузург мерасонад. Миллати бо нангу номус, бофарҳанг ва сарбаланди тоҷик аз Сарвари хеш ифтихор доранд ва кӯшиш менамоянд, ки ба боварии он кас содиқ буда, сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоянд. Имрӯз ҳамаи моро зарур аст, ки дар фазои осуда ва ободи даврони соҳибистиқлолӣ бо хушбахтию хушиқболӣ бо пайгирӣ аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, баҳри ободонию созандагӣ ва гул-гулгулшукуфии Ватани азизамон Тоҷикистон талоши ҳамешагӣ намоем. Бахусуc дар бунёди “Роғун”, ки имрӯз арсаи садоқату номуси миллат аст, саҳми худро гузорем.

Мусоева С.Я Ҷонишини декани факултети кори табобатӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.