ДОНИСТАНИҲО ОИД БА ВИЧ/СПИД (Бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо вич/спид)

0 12

   Дар саросари ҷаҳон ҳамасола 1-уми декабр Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВИЧ/СПИД таҷлил карда мешавад ва ин рўз аз тарафи СММ соли 1988 қабул шудааст. Дар ин рўз одамон тасмаҳои сурхро ҳамчун рамзи ҳамдигарфаҳмӣ оид ба ВИЧ/СПИД ва дастгириву умедворӣ ба ояндаи бидуни ВИЧ/СПИД дар сари сина мегузоранд, ки ин фикр аз тарафи рассом Франк Мур соли 1991 ба миён омада буд.

      ВНМО (ВИЧ) – ин вируси норасоии масунияти одам мебошад, ки ба организми инсон дохил шуда, бемории ВНМО — сироятро (ВИЧ — инфекция) ба вуҷуд меорад, ки дар натиҷаи он масунияти одам паст шуда, бемориҳои оппортунистӣ авҷ мегиранд.

       Сабаби асосии ин беморӣ ҳаёти нодурусти ҷинсӣ бурдан ба ҳисоб меравад. Ин бемориро СПИД ё ВНМБ (Вируси норасоии масунияти бадан) меноманд, ки дар натиҷа системаи масунии одам осеб мебинад. Ин бемории мудҳишро “Вабои аср” меноманд, ки дар нимаи дуюми асри XX пайдо шудааст. Вируси СПИД бори аввал, соли 1981 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) пайдо шудааст.

     Гуруҳи дигари олимон бар ин ақидаанд, ки ин беморӣ ҳанӯз соли 1960 дар Африқо пайдо шуда, баъдан ба дигар мамлакатҳо паҳн шудааст. Барангезандаи ин беморӣ маймунҳо мебошанд.

    Мувофиқи маълумоти ташкилоти ҳифзи тандурустии ҷаҳон, ки дар назди Созмони Милали Муттаҳид амал мекунад, бемории СПИД дар охири соли 2003-юм дар 180 мамлакати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Дар рӯйи Замин шумораи шахсоне, ки вируси СПИД доранд, ба10 миллион расидааст. Шумораи шахсони бемори он тақрибан ба 500 ҳазор нафар расидааст.

      Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин “Вабои аср” дар канор нест. Тадқиқотҳои мутахассисони ин соҳа нишон дод, ки аз соли 1991 то соли 2023 дар кишвар 10 ҳодисаи гирифторшуда ба Вируси норасоии масунияти бадан расман ба қайд гирифта шудааст.

     Бояд гуфт, ки назорати эпидемиологии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риоя ва афзалияти ҳуқуқи инсон, пинҳонӣ будани ташхис, риояи усулҳои махфӣ ва анҷом додани он амалӣ гардида, ба шахсони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаю мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо кумаки ройгони босифат ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ расонида мешавад.

    Бино ба таҳлилҳои мутахасисони соҳаи тиб, ВНМО тавассути хун, алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда, сӯзандоруҳои тамизнашуда, инчунин аз модари сироятёфта ба навзод ҳангоми таваллуд, истифодаи асбобҳои тиббии тамизнашуда ва ширмакконӣ мегузарад.

       Бояд донист, ки ВНМО тавассути оби даҳон, арақи бадан, бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра, баоғӯшгирӣ, сулфа, атсазанӣ, тавассути нешзании ҳашарот ва газидани ҳайвонот, ашёи маишӣ, оббозии якҷоя дар ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, ошхона ва истеъмоли якҷояи хӯрок сироят намекунад.

Раҷабова К.Н Декани кори табобати дандон, кори дандонсозӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.