ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ, ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ ВА МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ 0 63 Мубодила кардан Кафедра моҳи сентябри соли 2021 таъсис дода шудааст. Дар кафедра 9 нафар омӯзгорон фаъолият доранд: Убайдуллои Рустам (мудири кафедра), омӯзгорон, Гиёев Табар Расулович, Тавакалов Нураҳмад, Мирзоев Сайдаҳмад, Қурбонмадова Шаҳло Мақсудовна, Ҷафаров Алишер Набихонович, Хушвахтов Аблуфайёз Самадович ва Шамсов Бобохон. МДТ «Коллеҷи тибии ш Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» аз соли таъсисёбиаш дар чорабиниҳои варзиши шаҳри минтақави Ҷумҳурияви фаъолона иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Аз ҷумла дар Спартакиядаи 10 –уми Коллеҷҳои Чумҳурии Тоҷикистон, ки дар ш Душанбе баргузор гардид, аз намуди Волейбол (писарон) сазовори ҷои дуюм, Волейбол (духтарон) Чои дуюм, Футболи хурд (писарон )ҷойи якумро ишғол намуданд, дастави сазовори ҷои дуюм. Дар соли 2017 Спартакиядаи 11 ум байни Коллеҷҳои Чучҳурии Тоҷикистон, ки дар ш Турсунзода шуда гузашт МДТ «Коллеҷи тибии ш Кӯлоб »ҷойҳои намоёнро ишгол намуданд, аз намуди Волейбол (писарон )сазовори ҷои якум, Волейболи (духтарон) ҷойи дуюм, Футболи хурд (писарон) ҷойи якумро ишғол намуданд, дастави ҷойи якумро сазовор шуд. Дар чорабинии варзиши аз намуди Волейбол дар соли 2018 барои дарёфти Ҷоми Вазири Корҳои дохили, ки дар ш Кӯлоб шуда гузашт дастаи Волейбол бозони МДТ «Коллеҷи тибии ш Кӯлоб» сазовори ҷойи якум гардид ва бо медал диплом ва ҷоми Вазири Корҳои дохили қадрдони шудаанд, инчунин дар соли 2019 Мусобиқаи минтақави аз намуди Волейбол (писарон), ки барои дарёфти Ҷоми Вазири Корҳои дохила, ки дар н Дангара шуда гузашт МДТ «Коллеҷи тибии ш Кӯлоб»сазовори ҷойи якум ва бо медал, маблағҳои пули, диплом ва Чоми Вазири Корҳои дохили қадрдони шуданд. 0 63 Мубодила кардан