ОЗМУНИ “ОЗМОИШГАРИ БЕҲТАРИН”

0 29

          Санаи 24- уми феврали соли 2022 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” аз тарафи омӯзгори кафедраи химия ва биология Шовалиева Қ.Р. бо иштироки донишҷӯёни бахши 3 – юми ихтисоси кори лабораторӣ озмуни фании “Озмоишгари беҳтарин”, бахшида ба солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ташкилу баргузор карда шуд. Дар озмун донишҷӯён ба ду гурӯҳ тақсим шуда, шартҳои озмунро, ки аз саволу ҷавоб ва иҷроиши малакаҳои амалӣ аз фанни “Усулҳои таҳқиқоти клиникӣ-лабораторӣ” иборат буданд иҷро намуданд. Таҳлили аз тарафи ҳайати ҳакамон гузаронидашуда нишон дод, ки донишҷӯён аз муҳтавои масъалаҳои озмоишҳои лабораторӣ маълумот ва дониши хуб доранд. Малакаҳои амалӣ оид ба иҷроиши озмоишҳои лабораторӣ аз тарафи донишҷӯён бе камбудиҳои ҷиддӣ дар сатҳи хуб иҷро карда шуданд. Иштирокчиёни фаъоли озмун бо ифтихорномаи роҳбарияти муассиса сарфароз гардонида шуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.