ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНИ КОЛЛЕҶ ДАР СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ “СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВӢ, ҲИФЗИ САЛОМАТИИ МОДАРОН ВА КӮДАКОН”

0 10

      Омӯзгорони коллеҷ дар семинари омӯзишӣ доир ба мавзӯи “Солимии репродуктивӣ, ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон”, ки санаҳои 14-17 уми моҳи ноябри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баргузор гардид иштирок намуданд. Семинари мазкур бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалишавии  лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак”, ки бо дастгирии Хазинаи Нуфуси СММ (UNFPA) ва Бонки Исломии Рушд амалӣ карда мешавад, ташкил карда шуда буд.

       Семинар аз тарафи мураббиёни байналмилалӣ: Аманова Элмира – мудири кафедраи “Кори ҳамширагӣ”-и “Коллеҷии олии тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Алма-Ато” ва Граф Маргарита – машваратчӣ оид ба самти маориф ва муносибатҳои байналмилалии ҳамин муассиса гузаронида шуд.

       Дар семинари масъалаҳои мубрами омӯзиши масъалаҳои солимии репродуктивӣ ва истифодаи услубҳои муосири таълим, аз ҷумла таҳияи барномаҳои таълимӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо ба стандартҳои касбӣ, ташкил ва ба роҳ мондани машғулиятҳо бо истифодаи услубҳои муосири таълим, ташкили кори мураббиён/менторҳо дар омодасозии момодояҳо, услубҳои муосири арзёбии сатҳи дониши донишҷӯён мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.

Мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ Шарипова Д.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.