ФАРМАКОЛОГИЯ

0 20

     Кафедраи «Фармакология» аз мохи октябри 2018 ҳамчун кафедраи мустақил  дониста шуд. То ин муддат, дар тобеияти кафедраи «Химия ва биология» фаъолият дошт.  Кафедра самти фаъолияти хешро аз руи «Низомнома»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рох монда аст.

     Дар кафедра 9 нафар  омӯзгорони асоси фаъолият мекунанд. Мудири кафедра  Шарипова К.М, ва омӯзгорон Маҷидов Б, Ҳасанова А.Р, Ҳамидова Ш.Ф,    Сорбони Абдулло, Сироҷов Файзалӣ,  Назирова Г.Ҳ, Ҳалимова Н.Г ва Муродов Б.Р. фаъолият намуда истодаанд. Дар кафедра, як нафар омӯзгори калон, як нафар омӯзгори дараҷаи якум ва  ҳафт  нафар омӯзгори дараҷаи дуюм мебошанд. Дар кафедраи мазкур, аз фанни «Фармакология», «Ташкил ва иқтисоди фарматсия», «Фармакогнозия», «Технологияи дорусозӣ» ва «Химияи фарматсевти» машгулиятхо мегузаранд.

     Кафедраи «Фармакология», аз рӯи нақшаи тасдиқ намудаи Коллеҷ фаъолиятро ба рох монда, пайваста барои баланд бардоштани савияи дониши муаллимон чорабиниҳои умумимуассисавӣ аз ҷумла, Конфиренсияву семинарҳо, озмунҳои фаннӣ, дарси кушод ва викторинаҳо дар байни донишҷуёни факултетҳо ташкил менамояд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.