Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон!

0 17

     Санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ, дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Конференсияи илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон!» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

     Дар кори Конференсия мушовири раиси шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Ғаффорзода Давлатҷон, директори Коллеҷ доктори илмҳои тиб Азиззода Зубайдуло Абдулло ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

    Конференсияро директори Коллеҷ Азиззода З.А. оғоз намуда, иброз доштанд, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад. Инчунин, дар рафти Конференсия  меҳмонон ба сухан баромада, аз таърих ва муқаддас будани  Парчами давлатӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Омӯзгорони кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» вобаста ба пайдоиши Парчам ва гиромидошти он маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод доштанд.

        Ёддовар мешавем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24-ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ таҷлил карда шуд.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   қайд намудаанд, ки «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

      Дар охир меҳмонони Конференсия бо Сипосномаи роҳбари муассиса қадрдонӣ гардиданд.

С.Т. Иброҳимов

Мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.