ВИКТОРИНАИ «КАСБИ ҲАМШИРАИ ТИББИ ОИЛАВӢ»

0 51

        Санаи 21 – уми апрели соли 2022 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” аз тарафи кафедраи тибби оилавӣ бо мақсади боло бурдани сатҳи дониши назариявӣ ва амалии  донишҷӯён викторинаи “Касби ҳамшираи тибби оилавӣ” ташкилу баргузор карда шуд. Дар озмун донишҷӯёни бахши чоруми факултети кори табобатӣ иштирок намуданд. Аз тарафи гурӯҳи донишҷӯён малакаҳои амалии тахассусӣ иҷро карда шуданд. Ҳамчунин иштирокчиён ба саволҳои гуногуни омӯзгорон, ки ба таҷрибаи касбии ҳамшираҳои тибби оилавӣ алоқаманд буданд пешниҳод гардиданд. Иштирокчиёни фаъоли викторина бо ифтихорномаи раёсати коллеҷ сарфароз гардонида шуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.