ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН 0 30 Мубодила кардан Санаи 22 майи соли равон дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” ҳамоиши тантанавӣ, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ташкилу баргузор гардид. Пеш аз таҷлили Рӯзи ҷавонон дар давоми ҳафтаи ҷавонон дар муассиса чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла озмуну маҳфилҳои фаннӣ ва мусобиқаҳо байни донишҷӯён ва кормандон ташкилу баргузор гардиданд. Ҳамоишро директори муассиса номзади илмҳои тиб Азиззода Зубайдулло Абдулло оғоз намуда, қайд намуд, ки саҳми ҷавонон дар рушди тамоми соҳаҳои кишвар, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, иҷтимоиёт, фарҳангу маданият ва ҳамчунин ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва муҳофизати он аз таҳдидҳои душманон басо гарон аст. Тарбияи ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бо пешниҳоди Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 санаи 23 май Рӯзи ҷавонон дар ҷумҳурӣ эълон гардид. Ин рӯзҳо, ки ба тамоми давлатҳои дунё бӯҳронҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таҳдид менамояд, ҷавонони моро зарур аст, ки боз ҳам зираку доно бошанд, ҳамеша ба таҳсилу касбомӯзӣ машғул бошанд, илмҳои дунявиро аз худ намоянд ва ба ин васила дар рушду нумӯи кишварамон боз ҳам саҳмгузор бошанд. Дар ҳамоиш мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб муҳтарама Раҷабова Мавзуна ширкат намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки тарбияи наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ қайд намуд, ки ҷавонони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб ҳамеша дастгири сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат мебошанд. Имрӯзҳо дар қатори ҷавонони дигар шаҳру навоҳии ҷумҳуриамон ҷавонони шаҳри Кӯлоб низ дар ҳама гуна чорабиниҳо, аз ҷумла сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, варзишӣ ва ғайра хеле фаъол буда, пайваста кӯшиш менамоянд, ки дар рушду нумӯи кишвар саҳмгузор бошанд. Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши коллеҷ Набиев Шамшод зимни суханрониаш аз дастовардҳои донишҷӯёну омӯзгорони ҷавони муассиса дар давоми соли сипаригашта маълумот дода, қайд намуд, ки омӯзгорону донишҷӯён дар давоми соли сипаригашта дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва варзишӣ фаъолона ширкат намуда ба дастовардҳои назарас ноил гаштанд. Ӯ иброз дошт, ки фаъолияти бахш дар оянда ҷоннок карда шуда, умед доранд, ки дар рушду ободонии шаҳри Кӯлоб ва тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста саҳмгузор бошанд. Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МДТ “КТ ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Шамшод Набиев Пеш 1 то 14 саҳифа Баъдӣ 0 30 Мубодила кардан