ҶАВОНОНИ БОНАНГУ НОМУС, ХУДОГОҲУ ВАТАНДӮСТРО ТАРБИЯ КУНЕМ

0 18

      «Зарур аст, ки минбаъд ҷавонон худ ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастоварҳои  эҷодии худро сари вақт муариффӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани худ саъю кӯшиш намоянд».                                                                                                                              Эмомалӣ  Раҳмон

       Таълиму тарбияи фарзанд, яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад. Падару модари соҳибмаърифат кӯшиш мекунанд, ки пойдевори асосии ниҳоди фарзандашон дуруст гузошта шавад  ва онҳо тавре ба камол расанд, ки номбардори волидон, устодон ва ифтихори диёру ҷомеа бошанд.

         Қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз соли 2011 ба тавсиб расид масъулияти падару модарро дар назди ҷомеа боз ҳам афзуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки тарбияи ахлоќӣ ва маънавии наврасону ҷавонон вазифаи ду ҷониб- муассисаи таълимӣ ва волидон мебошад.

         Агар тарбияи ахлоқӣ дурӯст ба роҳ монда шавад, пас мусаллам аст, ки таълим, донишандӯзӣ ва маърифатнокии наврасону ҷавонон масири дурустро касб мекунад.

         Ҳоло дар баробари вазифаҳои дигар дар назди волидон ва муассисаи таълимӣ вазифаи хеле муҳим –тарбияи ватандӯстии ҷавонон меистад. Ватандӯстӣ мафҳуми хеле васеъ буда, моро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намоем. Ҳар як иқдоми шоистае, ки вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон амалӣ мешавад, ба нафъи рушди ҷомеа ва пешрафти миллат нигаронида мешавад.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як мулоқоту вохӯриҳои хеш бо аҳли ҷомеа ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, махсусан ба ҷавонон, ки ояндаи Ватану миллат ба души онҳост, муроҷиат мекунанд, ки онҳо дар баробари аз худкардани донишҳои замонавӣ, Ватандӯст бошанд, ин марзу буми аҷдодиро эҳтиром кунанд ва ба ҳимояи он ҳамеша омода бошанд.

         Мо дар айёме умр ба сар мебарем, ки ҷомеаи ҷаҳониро тазодҳо ва таҳавулоти зиёд фарогиранд. Дар аксари кишварҳо суботи сиёсии ҷомеа халалдор гашта, омилҳои номатлуб монеаи пешрафту шукуфоии сокинони сайёра гардидааст. Мо қариб, ки ҳар рўз мешунавем ва тавассути васоити ахбори омма огоҳ мешавем, ки дар ин ё гӯшаи дигари ҷаҳон амалҳои террористӣ рух дода, боиси ба ҳалокат расидани садҳо одамони бегуноҳ ва ҳисороти иқтисодӣ мешаванд.

         Аламовар ва боиси таасуф аст, ки теъдоди зиёде ашхоси ба ин амалҳои зиддиинсонӣ даст дошта ҷавонон мебошанд, ки баҳри ҳадафҳои  пучу бемаънӣ зиндагии хешро доғдор ва аз ояндаи худ маҳрум мегарданд. Саволе ба миён меояд, ки чаро ҷавонон ба ин амалҳо даст мезананд ва бо роҳи хато мераванд. Яке аз сабабҳои асосии ин падида дар он аст, ки ин гуна ашхос дар муассисаи таълимӣ хуб таълиму тарбия нагирифта, аз дарки мафҳуми Ватан, ифтихори ватандорию ватандӯстӣ фарсахҳо дур мондаанд. Барои онҳо мафҳуми ҳувияти миллӣ ҳеҷ арзише надорад, донишу маърифати онҳо хеле паст буда, онҳо қодиранд, ки ба ивази ваъдаҳои бардурӯғ ва маблағҳои ночиз шадидтарин амалҳои  ғайриинсониро ба иҷро расонанд. Пас маълум аст, ки ҷавонони каммаърифату саводи паст дошта ҳамеша фирефтаи таблиғоти бардурӯғи ташкилоту гурӯҳҳои ифротию-террористӣ мешаванд. Моро зарур аст, ки дар ин самт масъулияти худро бештар дошта бошем.

      Ҷавонони мо бояд шукургузор аз рӯзгори хуши имрӯз бошанд. Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сиёсатмадори оқилу дурандеш Эмомалӣ Раҳмон, ки мардум ӯро бо дилу ҷон Пешвои миллат хондаанд, сулҳу суббот ва оромии сартосарӣ дошта, миллати сулҳдӯсту сулҳпарвари тоҷик баҳри шукӯфоии ояндаи ин сарзамин пайваста заҳмат мекашанд.

         Бояд қайд кард, ки дар пешрафти мамлакат, саҳми ҷавонони Ватан арзанда мебошад, зеро онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зинаи аввали таълимро аз худ карда, дар макотиби олии кишвар тахассусҳои муосирро аз бар намуда, саҳми худро дар ҳамаи соҳаҳо ба ҳайси мутахасиси варзида мегузоранд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад. Пешвои Миллат пайваста ба наврасону ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳар як суханрониҳои хеш таъкид менамояд, ки мо наврасону ҷавононро бояд дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, Ватандӯстӣ ва ифтихори Ватандорӣ тарбия кунем. Ҷавонони мо бояд дар ёд дошта бошанд, ки илму дониш омӯхтан, соҳиби касбу ҳунар шуда ва зиндагии осудаву фаъолияти самараноки онҳо дар оянда аз ин омили ҳаётбахш, яъне сулҳу оромии кишвар вобастагии зич дорад.

       Агар мо омӯзгорон ба ин таъкидҳои Пешвои Миллат таваҷҷӯҳ кунем, он барои аҳли маориф ҳамчун роҳнамо ва Барномаи фаъолияти ҳамарӯза мебошад. Бинобар ин волидон, муассисаи таълимӣ ва кӯлли ҷомеа ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Пешвои миллат пайваста кӯшиш намоянд ва дар ин самт саҳми хешро дошта бошанд.

      Мо шоҳиди он ҳастем, ки Давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушд ва пешрафти соҳаи маориф тадбирҳои зиёд меандешад. Барои таълим ва тарбияи навравсону ҷавонон ҳамчун қишри ояндасози ҷомеа тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё  гардонида, муаҳсилин дар макотиби зинаҳои гуногуни кишвар донишҳои заруриро аз худ мекунанд. Ҳукумати кишвар ҷиҳати дастгирии насли ҷавон дар доираи нақша-чорабиниҳои муайян чорабиниҳои илмию адабӣ ва фарҳангиро  ба амал бароварда ба хотири ҷалби ҷавонон ба илму дониш корҳои созандагӣ тадбирҳои зиёд меандешад.

     Бояд гуфт, ки тарбияи наслҳои ояндасоз кори миёнадаври набуда, балки ҳамчун фаъолияти доимӣ маҳсуб меёбад. Дар шароити имрӯза таълим ва тарбияи ҷавонон масъулияти омӯзгор волидон ва аҳли ҷомеаро ҷоннок намуда, аз ҳар як аз ин ниҳодҳо масъулияти баланди кориро тақозо мекунанд. Бинобар ин ҳадафи олии ҳар як омӯзгор тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ, ифтихори Ватандорӣ ва дӯстдориву ба қадри арзишҳои миллӣ расидани ҳар яки онҳо мебошад.

         Хулосаи ин гуфтаҳо ин аст, ки мо набояд дар таълиму тарбияи насли ҷавон кӯтоҳандешӣ ва хатогие карда бошем, чун таҳавулоти имрӯзи ҷомеа фазои миёнахолиро дар ҳеҷ як самт ба хусус дар самти таълиму тарбия қабул надорад. Ҷавонон бояд ба хубӣ дарк намоянд, ки омилҳои номатлуби ҷомеа таъсири худро пеш аз ҳама дар сурати сатҳи пасти дониш ва каммаърифатӣ ба онҳо мерасонад. Дар баробари ин мо огоҳ ҳастем, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ҳизбу ҳаракатҳо бештар сайъ доранд, ки барои амали кардани мақсадҳояшон ҷавононро ҳамчун ҳадаф истифода баранд. Аз ин хотир ҳар як масъули самти таълим ва тарбия вазифаи ба душ доштаашро ба пуррагӣ анҷом дода, сай кунад, ки наврасону ҷавонон ба роҳи рост ва кору пайкори манфиатбахш барои давлат, ҷомеа ва миллат омода бошанд.

         Ба ин хотир имрӯз мебояд, ки робитаи волидон ва муассисаи таълимӣ мустаҳкам гардонида шавад. Ниҳодҳои асосии тарбияро зарур аст тавассути роҳу усулҳои самарабахш ба ҷавонон таъсир расонида, талош кунанд, ки дар ин ҷараён фазои миёнахолӣ ҷой надошта бошад, чун ин фазои холиро ҳеҷ гуна таъсири беруна дастрасӣ надошта бошад. Мо вазифадорем, ки барои наврасону ҷавонон муҳити солиме эҷод созем, ки онҳо ҳамчун шахсиятҳои комил ва ҳамаҷониба инкишофёфта ба камол расанд.

К.Ҷ. Абдураҳмонов – омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.