БАЗМИ ГУЛ ДАР ЧАМАНИ НАВРӮЗ АСТ! 0 123 Мубодила кардан Наврӯз падидаи нодири фарҳангиест, ки рамзҳои зиёд дошта, аз эҳёи табиат дарак медиҳад. Наврӯз ба рӯҳу равони одамон таъсири нек мерасонад ва покиву накӯкорӣ, рӯшноиву зебоӣ ва дӯстиву самимиятро ташвиқ менамояд. Наврӯз рамзи баҳор, зебогӣ, зиндашавии табиат ва рӯзи наву соли нав мебошад. Пайғоми Аҷам резад, Наврӯз муборак бод! Хуршеди Ҳамал хезад, Наврӯз муборак бод! Хуш омада Фарвардин, ҷонбахши заминро бин, Дай хезаду бигрезад, Наврӯз муборак бод! Бар боғу чаман бингар, себаргаву гул бар сар, Ваҳ боғ чу гул безад, Наврӯз муборак бод! Боди саҳар аз гулшан, гӯё ба машоми ман, Сад бӯи хуш омезад, Наврӯз муборак бод! Бар нола бишуд булбул, бишкуфту бихандид гул, Гул хандаду бистезад, Наврӯз муборак бод! Бингар нигорамро, бонуи баҳорамро, Бар гӯш гул овезад, Наврӯз муборак бод! Ин фасли арӯси сол орад сари мо иқбол, Шодӣ ба дил ангезад, Наврӯз муборак бод! Раззоқ, расид Наврӯз, имрӯз шуда нав рӯз, Ҳар сӯй нидо хезад, Наврӯз муборак бод! Боиси тазаккур аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ҷашн тавассути қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мавқеи байналмилалӣ, яъне Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб гашт. Халқи тоҷик имрузҳо бо пайравӣ аз суннатҳои гузаштагони худ Наврӯзро бо тамоми унсурҳояш таҷлил намуда, онро ҳифз менамоянд. Мо — мардуми тоҷик бо мероси бузурги таърихи худ ифтихор менамоем ва анъанаву суннатҳои бостонии худро гиромӣ медонем. Солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашнҳои таърихӣ ба монанди Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз нав эҳё гардида, бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардаднд. Ҷашнҳои мазкур ҷузъи таркибӣ ва ҷудоинопазири анъанаҳои миллии мо ба шумор рафта, кишоварзу косиб будани мардуми моро исбот менамоянд. Маросиму суннатҳои ин ҷашнҳои бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон аз қадим ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва чорводорӣ машғул буда, ба табиат муҳаббати хосса доштаанд. Ин ҷашнҳо рамзи сарҷамъии мардуми заҳматкаш ва ҳамдиливу инсондӯстӣ мебошанд. Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, ойини бостонии милливу мардумӣ ва соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи оламафрӯзро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд. Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани кӯчаву маҳаллаҳо дар тамоми қаламрави шаҳр мебошад. Дар айёми Наврӯзӣ гирди ҳам омадан, ба дидори якдигар расидан ва баргузор намудани ойинҳои наврӯзӣ асли милливу мардумии онро ташкил медиҳад. Гузаштагони мо дар рӯзҳои наврӯзӣ корҳои ободию созандагиро ривоҷ дода, майдонҳои киштро васеъ мекарданд ва мо низ бояд ин анъанаи шоистаи наврӯзиро идома бахшида, барои ободиву сарсабзии кишварамон талош намоем. Дар оғози баҳору ҷашни фархундаи Наврӯз, ки ифодагари зебоиву шукуфоӣ, хурсандиву шодмонӣ, меҳру муҳаббат аст, таманнои онро намоем, ки дилу нияти мо низ мисли ин фасл зебо бошад ва мо баҳри ободиву сарсабзии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Ҷашни Наврӯзро ба тамоми мардуми тоҷик самимона муборакбод гуфта, орзӯи онро дорем, ки бахту саодат, хайру баракот ва сулҳу субот дар ватани азизамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидонӣ бошад. Ҳар рӯзатон Наврӯз бод! Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз! Пеш 1 то 37 саҳифа Баъдӣ 0 123 Мубодила кардан