ИҶЛОСИЯИ XVI — ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

0 21

      Санаи 16 ноябри соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Конференсияи илмӣ-сиёсӣ, бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Иҷлосияи XVI иҷлосияи тақдирсози миллат» баргузор гардид.

      Дар кори Конференсия муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Даминова Арафамоҳ, директори МД «Телевизиони Кӯлоб», иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозорзода Сафаралӣ ва шоираи ваҳдатсарои миллат Хосият Вализода, инчунин роҳбарияти муассиса ва ҳайати омӯзгорону шогирдон иштирок намуданд.

       Конференсияро директори Коллеҷ доктори илмҳои тиб муҳтарам Азиззода Зубайдулло Абдулло оғоз намуда, қайд доштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини сарвари давлат ин­тихоб шуданашон барномаҳои мукаммали давлатиро тарҳрезӣ ва тадриҷан иҷро намуданд, ки асоси онҳоро фароҳам сохтани сулҳу субот, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, таъмини зиндагии шоиста барои мардум, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани обрӯи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ташкил медоданд.

       Инчунин меҳмонони чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Даминова Арафамоҳ, директори МД «Телевизиони Кӯлоб», иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозорзода Сафаралӣ ва шоираи ваҳдатсарои миллат Хосият Вализода низ ба сухан баромада, аз хизматҳои беназири Пешвои миллат дар рӯзҳои нахӯстини давлатсозӣ, баромадҳои ҷолиб намуданд. Қайд карда шуд, ки гиромидошти ин рӯз танҳо як ҷашн нест. Он, агар аз як тараф арҷгузорӣ ба хидматҳои беназири Пешвои миллат бошад, аз тарафи дигар, нишон додани ваҳдат ва иқтидори миллӣ, намоди иттиҳоди мардуми кишвар дар атрофи идеяҳои созандаи сарвари худ, дарки дурусти барномаҳои роҳбари маҳбуби миллат аз тарафи мардум ва талоши дастаҷамъонаи ҳамаи мо барои амалӣ шудани ин барномаҳост.

      Дар чорабинӣ наворҳои таърихии солҳои 1992, ки дар рафти Иҷлосия наворбардорӣ шуда буданд ва наворҳои дигаре, ки хизматҳои Пешвои миллат дар тули 31 соли Истиқлолияти давлатӣ анҷом дода буданд, ба таври муфассал намоиш дода шуданд.

       Дар анҷоми чорабинӣ  ғолибони мусобиқаи варзишии волейбол, ки бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ байни бонувони Коллеҷ доир шуда буд, бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои роҳбарияти Коллеҷ қадрдонӣ гардиданд.

Мудири кафедраи

«Фанҳои гуманитарӣ»                                С.Т.Иброҳимов

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.