ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН ХОНАНДАИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”- И БОБОҶОН ҒАФУРОВ”

0 352

     Дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» санаи 1 апрели соли  2022 бо мақсади шиносоӣ бо таърихи халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии ҷавонон, байни донишҷӯёни бахши якум аз тарафи кафедраи фанҳои гуманитарӣ озмуни “Беҳтарин хонандаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров” баргузор гардид.

         Дар озмун аз тарафи донишҷӯён маърузаҳо доир ба мавзӯъҳои «Ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров» ва «Таълифи шоҳасари Бобоҷон  Ғафуров, китоби «Тоҷикон» аз тарафи омӯзгорон Абдурамонов К. ва Шомадова С. қироат карда шуданд. Дар озмун, ки шартҳои он аз саволу ҷавоб, вобаста ба мавзӯъҳо аз китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров иборат буданд ба донишҷӯён пешниҳод гардиданд. Донишҷӯён бо завқ ва баҳсу музокира ба саволҳои омӯзгорон посух медоданд. Дар озмун ба иштирокчиён зиёда аз 100 савол пешниҳод карда шуд. Шаш нафар донишҷӯён, ки ба бештари саволҳои озмун посухҳои дуруст ва пурра гардониданд ғолиби озмун шуморида шуда,  бо ифтихорномаи роҳбарияти муассиса қадрдонӣ шуданд.

                                       Кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.