Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 дар Шӯрои олимони МДТ “Коллеҷи тибии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

0 351

     Санаи 12 – уми январи соли 2022 дар Шӯрои олимони МДТ “Коллеҷи тибии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар ҷаласа директори муассиса Азиззода Зубайдулло Абдулло суханронӣ намуда, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро баён намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Паёми инсолаи Президенти кишвар дар соли хеле муҳим барои мардуми шарифи Тоҷикистон яъне сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон садо дод. Дар Паём қайд карда шуд, ки барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.

   Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.

  Зимни омӯзиши Паёми Пешвои миллат бахусус ба масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва омодасозии мутахассисон дар муассисаҳои зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ диққати ҷиддӣ дода шуд. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.

     Аз ҷумла аз 1-уми июли соли 2022 баланд бардоштани музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳа ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия ба 20 фоиз, баланд бардоштани андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва маҳрумгашта аз саробон,  50 фоиз баланд гардидани ва ба андозаи 600 сомонӣ муқаррар гардидани  ҳадди ақалли музди меҳнат боиси ифтихори кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ мебошад.

    Пешвои миллат дар Паёмашон иброз доштанд, ки бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда бояд шавад.

     Дар Паём хотирнишон гашт, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.

    Қайд карда шуд, ки вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ тайи 30 соли истиқлолияти давлатӣ садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин карда шуданд.

     Танҳо дар се соли охир, яъне солҳои 2019–2021 дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30–солагии истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1858 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд шудааст.

    Пешвои миллат дар Паёмашон бори дигар нақши бонувону занонро дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург шумориданд. Бо дарназардошти саҳми арзандаи занону бонувон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд супориш дода шуд, ки дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

   Президенти кишвар иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст.

    Тайи солҳои 2011–2020-ум дар кишвар қариб 3000 иншооти варзишӣ сохта шудааст.

     Қайд карда шуд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд. Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад.

      Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад, он ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад.

    Президенти кишвар ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки  дар муддати шаш моҳ нақшаи чорабиниҳоро барои истиқболи сазовори 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ва солҳои рушди саноат таҳия карда, ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ ба Роҳбари давлат пешниҳод намоянд.

     Дар охир Пешвои миллат ба иштирокчиёни ҷамъомад ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.

   Аҳли коллективи омӯзгорону донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” Паёми Пешвои миллатро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сармашқи кори худ қарор дода, кӯшиш менамоянд, ки он супоришу ҳадафҳое, ки вобаста ба омодасозии мутахассисони миёнаи касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъриху фарҳанги ниёгон, сиёсати ҷавонон ва занону бонувон дар Паём садо доданд ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва амалӣ месозанд.  

Азиззода З.А. – директори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.