ҚАСРИ БУНЁД АСТ ИСТИҚЛОЛИ МО!

0 43

      Санаи 8 сентябр, бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” Конференсияи илмӣ таҳти унвони “Қасри бунёд аст истиқлоли мо!” баргузор гардид. Дар Конференсия муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамоҳ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Ғаффорзода Давлат, раиси КИМ ҲХДТ дар Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, ҳайати роҳбарияту омӯзгорони коллеҷ ва донишҷӯйён иштирок намуданд.

    Конференсияро муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамоҳ бо сухани табрикотӣ оғоз бахшида, қайд доштанд, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустаъқил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, маҳзари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

    Сипас, дигар меҳмонони расмии Конференсия ба сухан баромада, маърӯзаҳои илмии худро вобаста ба мавзӯҳои дастовардҳои замони Истиқлол, талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди давлатсозӣ ва талошҳои хастанопазир барои расидан ба ҳадафҳои ягонаи миллӣ пешниҳод намуданд. Чунон ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

    Дар қисмати тантанавии Конференсияи муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамоҳ Сипосномаи табрикотии ҷашнии Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба директори Коллеҷ доктори илмҳои тиб, Азиззода Зубайдулло Абулло дар фазои тантанавӣ супориданд.

    Ҳамзамон, як гурӯҳ омӯзгорони Коллеҷ барои хизматҳои чандинсолаи бенуқсон бо унвонҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд. Латипов Сафаралӣ – сардори шуъбаи таълим ва Одинаева Гулнора- омӯзгори кафедраи тиббӣ оилавӣ, бо унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, омӯзгорон Шамсова Ҷамила, Аҳтамова Сарвиноз, Бобохонова Манзура ва Хоҷаева Рухшона бо Ифтихорномаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, Аҳтамов Ҳабибулло – сардори шуъбаи кадрҳо ва КМ, Шарипова Дилафрӯз – мудири кафедраи “Кори момодоягӣ”, Одинаев Ҷамшед- декани факултети “Кори табобатӣ”, Қаршиева Шукрона- ҷонишини декани факултети “Кори дандонсозӣ” ва Каримова Шабнам – эдвайзери факултети “Кори фарматсевтӣ” бо Ифтихорномаи директори Коллеҷ сарфароз гардонида шуданд.

    Бахшида ба таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати дуюми ҳамин рӯз чорабинии фарҳангии идона бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги МИҲД шаҳри Кӯлоб ва ҳаваскорони Коллеҷ баргузор гардид, ки ба чорабинӣ таровати идонаро зам намуд.

Мудири кафедраи

фанҳои гуманитарии

МТД «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

ба номи Рахмонзода Р.А.                                                      Иброҳимов С.Т.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.