«ТОҶИКОН» — И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

0 25

           Санаи 9 декабри соли 2022 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” дарси кушоду намунавӣ аз фанни “Таърихи халқи тоҷик” дар гурӯҳи 113-и факултети «Кори ҳамширагӣ» бо роҳбарии омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ, сардори шубаи илмӣ-методии муассиса Давлатова С.Т. баргузор гардид.

           Дарси кушоду намунавӣ бахшида ба 115-солагии академик, аллома Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи шоҳасари илмии ӯ «Тоҷикон» —  баргузор гардид.

           Машғулият дар сатҳи баланди методӣ баргузор гардида, бо унсурҳои тарбиявӣ, аз ҷумла арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши корнамоиҳои қаҳрамонони миллати тоҷик баҳри ҳимояи марзу буми ватан, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорию ватанпарварӣ оғоз гардид. Қайд карда шуд, ки мақсади омӯзиши фанни таърихи халқи тоҷик ин эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллати хеш мебошад. Дар машғулият доир ба баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ба донишҷӯён маълумот дода шуд. Ҳамчунин доир ба моҳияти омӯзиши китоби “Тоҷикони” – и Б.Ғафуров маълумот пешкаш гардид. Кисмати мустаҳкамкунии дарс аз «Саволу посух» иборат буд. Дар он ба донишҷӯён саволномаҳо пешниҳод гардид. Донишҷӯён тавонистанд ба саволҳои пешниҳодгардида  ҷавобҳои саҳеҳ гардонанд.

        Дар рафти дарс омӯзгор аз усулҳои байналфаъоли таълим, аз ҷумла «Гурӯҳбандӣ», «Хотираҳои таърихӣ» ва «Чархофалак» истифода намуд. Ҳамчунин васоити электронии таълимӣ, аз ҷумла тахтаи электронӣ, проектори мултимедӣ бо намоиши видероликҳои таърихӣ дар машғулият истифода шуданд, ки албатта ба сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён таъсири мусбӣ гузоштанд.

Иброҳимов С.Т. — Мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.