БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ДОХИЛИ МУАССИСАВИИ ОЗМУНИ “ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

0 68

    Дар асоси талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 феврали соли 2022, №АП-155 тасдиқ шудааст, ҳамчунин протоколи маҷлиси машваратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.02 соли 2022, №07/1  санаи 7 ва 8 апрели соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” даври аввали озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” бо иштироки васеъи донишҷӯён баргузор гардид.

  Озмун аз фанҳои Физика, Риёзӣ, Асосҳои информатика, Географияи Тоҷикистон, Химия ва Биология баргузор гардида, ғолибон барои иштирок дар даври дуюми озмун муайян карда шуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.