ПИРӮЗӢ, АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД! 0 60 Мубодила кардан Санаи 6 майи соли 2022 дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ҳамоиш, бахшида ба 77 умин солгарди Рӯзи ғалаба бар Германияи фашистӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб, муҳтарам Исмоилзода Саймурод Бурҳон, роҳбарияти Коллеҷ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Ҳамоишро мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Иброҳимов С.Т. оғоз намуда, вобаста ба таърихи ғалаба ва корнамоиҳои ҷанговарони тоҷик дар Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ маълумоти мушаххас ироа намуд. Сипас Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб ба сухан баромада, иброз доштанд, ки дар сарнавишти тамоми халқҳои Иттифоқи Советӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақши абадие гузошт. Истилогарони фашистӣ ҳазорон шаҳру деҳаҳоро хароб ва 27-миллион аҳолии онро қурбон намуданд. Тамоми мардуми Шӯравӣ, аз он ҷумла Тоҷикистониён барои ҳифзи хонаву дар ва нангу номус ба по хестанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он замон ҳамагӣ як миллиону 560-ҳазор аҳолӣ дошт, 260 -ҳазор нафар, яъне ҳар шашумин нафар ба фронт рафтанд. Дар рузи аввали ҷанг шаш хазор нафар ариза дода, ихтиёрӣ ба ҳимояи Ватан бархостанд. Аз байни он шуҷоатмандон шашсад нафарашон занон буданд. Ба фронт аз ҳисоби даъватшудагони Тоҷикистонӣ 7 баталён, 30 рота, 92 взводи ҷангӣ ташкил карда, фиристода шуданд. Зиёда аз 100- ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи Ватан ҳалок шуданд. Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ чунин шуҷоату қаҳрамонии фарзандонашро бояд фаромӯш насозад. Барои тамоми мардуми кишвар, бахусус ҷавонон таҷрибаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мактаби ибрат, нангу номус ва меҳру муҳаббат ба ватан бояд бошад. Имрӯзҳо, ки ба кишвари осоиштаи мо ҳар гуна таҳдидҳо аз хориҷ, бахусус аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ-эктремистӣ ва душманони миллати тоҷик мавҷуд ҳастанд, миллати мо, бахусус ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба гуфтаҳову идеологияи ҷудоиандози душманон дода нашаванд, донишу касб аз худ намоянд ва дар ҳифзи истиқлолияту ободии ватани хеш бошанд. Ба монанди он шермардоне, ки замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳифзи ватани хеш бархостанд ҳамеша барои ҳифзи он омода бошанд. Инчунин, дар рафти ҳамоиш омӯзгорони кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво баромад намуданд. Қайд карда шуд, ки дар ҳақиқат дар оғози ҷанг аз номи меҳнаткашони Тоҷикистон ба фронт шаш ҳазор нимтана, ҳашт ҳазор муза, ду ҳазору дусаду ҳафтоду се таҳпуши гарм, ҳашт ҳазор дастпушаки муина, сию панҷ ҳазор каллапуш, ҳаждаҳ ҳазор куртка, даҳ ҳазор курпаи гарм ва дигар лавозимоти лозими фиристода шудааст. Дар солҳои ҷанг аз ҳисоби меҳнаткашони Тоҷикистон барои набардҳои пурвусъат нуҳ ҳазор автомобил, бист ҳазор асп, ду ҳазор ароба, 115 трактор фиристонида шудаанд. То 1-уми январи соли 1942 — 29 госпитали ҳарбии советӣ бо 11 000 аскари захмӣ ба Тоҷикикстон кӯчонида шуданд. Дар охири ҳамоиш дар бораи иштироки фаъоли мардону занони тоҷик дар набардҳои ҷангӣ наворҳои видео пахш карда шуда, аъзоёни маҳфили «Сиёсатшиносони ҷавон» — и кафедраи «Фанҳои гмунитарӣ» дар ин мавзӯъ шеърӯ сурудхонӣ намуданд. 3 нафар донишҷӯёни фаъоли коллеҷ, ки дар озмуни «Иншои беҳтарин» сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида буданд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Мудири кафедраи фанҳои гуманитарии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Иброҳимов С. Пеш 1 то 16 саҳифа Баъдӣ 0 60 Мубодила кардан