Дар коллеҷ мунтазам чорабиниҳои гуногуни таълимию илмӣ ва тарбиявӣ бо ҷалби сершумори омӯзгорон ва донишҷӯён ташкилу баргузор карда мешаванд.
Дар соли 2021 ба китобхона 3 483 адад китобҳои тахассусӣ ворид карда шудааст. Айни замон дар хазинаи китобхона ҳамагӣ 22 256 адад адабиёти таълимӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин дар назди китобхона, китобхонаи электронӣ бо 10 адад компютер ва 1 адад принтер пайваст бо хати интернетӣ фаъолият менамояд. Хазинаи китобхонаи электронӣ зиёда аз 10 000 нусха адабиёти таълимиро дар шакли электронӣ дар бар мегирад, ки донишҷӯён ва омӯзгорон аз он васеъ истифода менамоянд.
Дар Коллеҷ 194-нафар омўзгорон фаъолият менамоянд. 14 нафар омӯзгорони Коллеҳ бо медали “Аълочии тандурустӣ” ва 36 нафари онҳо бо медали “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадрдонӣ шудаанд. Дар коллеҷ 6 нафар омӯзгорони унвони илмӣ дошта фаъолият доранд, аз ҷумла 1 нафар доктори илмҳои тиб, 2 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои филологӣ ва 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ.
Соли 2021 бо дасгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак”, ки бо дасгирии Хазинаи Нуфузи СММ ва Бонки Исломии Рушд, амалӣ карда мешавад ду синфхонаи таълимӣ барои беҳтар намудани омӯзиши фанҳои “Момоӣ ва бемориҳои занона” ба истифода дода шудааст. Синфхонаҳои мазкур бо мизу курсӣ, муляжҳо, кондитсионер ва аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Аз тарафи роҳбарияти коллеҷ, иттифоқҳои касабаи омӯзгорон ва донишҷӯён пайваста ба омӯзгорону донишҷӯёни ниёзманд кӯмакҳои пулӣ ва маводи хӯрока расонида мешавад.
Дар баробари дастовардҳо як қатор камбудию норасоиҳо, аз ҷумла норасоии аёниятҳо барои як қатор машғулиятҳо, норасоии адабиёти таълимӣ қайд карда шуданд.