ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ!

0 316

     Санаи 4 – уми марти соли 2022 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” аз тарафи кафедраи фарматсия конференсияи таълимӣ доир ба мавзӯи “Табиат мекунад моро табобат” ташкилу баргузор карда шуд. Дар конференсия аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети кори фарматсевтӣ маърӯзаҳо доир ба мавзӯъҳои “Гиёҳҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Тартиби ҷамъоварӣ, хушккунонӣ ва нигаҳдории гиёҳҳои шифобахш”; “Тартиби ҷамъоварӣ ва хусусиятҳои шифобахши растании гули бобуна”; “Тартиби ҷамъоварӣ ва хусусиятҳои шифобахши растании нардсунбул” ва “Растаниҳои шифобахш – манбаъи моддаҳои фаъоли биологӣ” маърӯзаҳо пешниҳод карда шуданд. Коференсияи таълимӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гашт ва иштирокчиён доир ба растаниҳои шифобахш ва истифодабарии онҳо дар тиб маълумоти самарабахш гирифтанд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.